• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

41ШАМСӢ ҚИЁМ 1 январи соли 1920 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1941 Студияи тоҷикӣ ва соли 1952 факултаи таҳиягарони Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро (дар Маскав) хатм кардааст. Баъдан ходими рӯзномаи «Қизил Тоҷикистони», ҳунарпеша ва таҳиягари Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, таҳиягари Киностудияи «Тоҷикфилм», сартаҳиягари Телевизиони тоҷик, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, устоди Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода будааст.

Дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз 40 нақш офаридааст.

Асосан дар соҳаи драматургия қувваозмойӣ кардааст. Аввал драмаҳои «Камол»-у «Дамири мусиқор»-и ӯ (1937) дар театри Ленинобод саҳнагузорӣ шудаанд. Баъдан драмаҳои ӯ «Дил-дили Зайнаб» (ҳамроҳи А.Мороз, 1955), «Тӯфон» (ҳамроҳи Ғ.Абдулло, 1957), «Ҷарима – 30 тин» (ҳамроҳи М. Фарҳат, 1960), «Садои дил» (1968), «Золу Рӯдоба» (ҳамроҳи М. Шералӣ, 1973), «Ҳодию Шодӣ» (1974), «Хонашинони майдонғариб» (ҳамроҳи М. Рабиев, 1976), «Зебуннисо» (ҳамроҳи Ш. Мастон, 1978), «Таронаи Маҳастӣ» (1989), «Тӯмор» (1993), «Товони гӯсола» (1994), «Ошиқони ҳазлбоз» (1997) ва ғ. дар театрҳои бонуфузи ҷумҳурӣ пешкаши тамошобинон гардидаанд.

Солҳои тӯлонӣ бо Театри лӯхтаки пойтахт ҳамкорӣ дошта, асарҳои «Эраҷ-паҳлавон» (1969), «Духтари ҷасур» (1967), «Заргӯши доно» (1986), «Саргузашти Манук» (1986), «Офтобак, Маҳтобак ва бародар Хурӯсак» (1988), «Гулрӯ ва шайтони болдор» (1989), «Дурдонаи доно» (1994), «Дайдуча» (1996), «Зебаки ҳазлбоз» (1997) ва ғ.-ро манзури кӯдакону наврасон гардондааст.

Либреттои балетҳои «Писари Ватан», «Оҳуи тилло», «Баҳори Бадахшон», «Писарак ва Карлсон» ҳам ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Филмномаи «Писарро бояд хонадор кард» (Тоҷикфилм, 1960)-ро ҳам ӯ навиштааст.

Режиссёр ва таҳиягари филмҳои «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957), «Амалиёти Кобра» (1961), «Рангҳои сол (1973) ва ғ. мебошад.

Осори К. Станиславский «Этика», Ж.Б. Молйер «Найрангҳои Скапен», С. Михалков «Ревизори зӯракӣ», Н. Гумилёв «Духтари сеҳрнок», Ф. Тошмуҳаммадов «Достони Ҳофиз»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Дар театрҳои Ӯзбекистону Афғонистон намоишномаҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990).

Бо ду ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

17 январи соли 2000 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved