• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

40МИХАИЛ ЛЕВИН (Левин Минел Иосифович) 27 марти соли 1925 дар шаҳри Мурманск зода шудааст. Дар Донишкадаи давлатии варзиши Маскав таҳсил кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи қӯшунҳои сарҳадбони шӯравӣ хидмат кардааст. Баъдан дар рӯзномаҳои гуногуни Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Чанд вақт муҳаррири радиои тоҷик ва фаслномаи «Гулистон», раиси Шӯрои адабиёти рус ва муовини Котиби якуми ИН Тоҷикистон будааст. Соли 1957 факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.

Аввалин очерку ҳикояву шеърҳояш дар солҳои ҶБВ интишор ёфтаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Аз пайи изи гумшуда (1957), «Рамз тағйир намеёбад» (1962, 1967), «Сарҳад» (1964), «Қиссаҳои сарҳад» (1973), «Тахмини саду якум» (1966), «Аз бало ҳазар» (1985), «Себи даст ба даст» (1985), «Дар бозӣ ва берун аз бозӣ» (1983) ва ғ. мебошад, ки аз ҳаёти сарҳадбонон ва кормандони мақомоти умури дохила ҳикоят мекунанд.

Дар асоси сенарияи ӯ филми ҳунарии «Ман – сарҳад» («Тоҷикфилм», 1972) ба навор гирифта шудааст.

Очерку ҳикоя ва қиссаҳои алоҳидаи М. Турсунзода, Ф. Муҳаммадиев, А. Шукӯҳӣ, Ҳ. Аскар, И. Файзулло ва дигаронро ба русӣ гардондааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон. Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37