• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

38ҲАБИБУЛЛО НАЗАРОВ 15 августи соли 1907 дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Фаъолияти меҳнатияш аз соли 1927 оғоз ёфтааст. Даставвал чӯпон буда, баъдан раиси шӯрои камбағалон, котиб ва ҷонишини раиси деҳшӯро, котиби созмони комсомолӣ ва раиси ҷамъияти кишоварзӣ таъин шудааст. Дар курсҳои маҳви бесаводӣ ва мактаби шабона таҳсил кардааст. Солҳои 1938-1941 дар Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ таҳсил карда, соли 1950 Институти ҳуқуқшиносии Маскавро ба итмом расондааст. Аз соли 1935 дар сохторҳои гуногуни мақомоти ҳуқуқи ҷумҳурӣ кор карда, то мансабҳои ҷонишини вазир ва вазири адлия, раиси Суди Олии ҷумҳурӣ расидааст.

Муаллифи китобҳои шеърии «Барои сулҳ» (1956), «Қалами озод» (ба забони русӣ, 1960), «Бахти ҷовидон» (1962) аст.

Соли 1958 дар моҳномаи «Шарқи Сурх» қиссаи «Дар ҷӯстуҷӯи Карим-Девона»-и ӯ мунташир гардидааст,ки баъдан ба забонҳои русӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шуда, ба муаллиф шуҳрати калон овардааст.

Соли 1965 қиссаҳои «Юлдош-Командир» ва «Ало ва Тарғел»-аш чоп шудаанд. Романҳои «Мирзо Ризо» ва «Баландии 144» аз маҳорати баланди нависандагии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Соли 1971 (дар ҳамқаламии Ҷ. Икромӣ) романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум»-ро ба қалам овардааст.

Асарҳои беҳтаринаш дар дуҷилдаи «Осори мунтахаб» (1978-1980) ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд.

Муаллифи филмномаҳои «Ҳабиб – ромкунандаи мор» (дар ҳамқаламии В. Максименков, 1973) ва «Муҳосираи Душанбе» (дар ҳамқаламии Д. Булгаков, 1975) мебошад, ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудаанд.

Борҳо вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ интихоб шудааст. Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Дӯстии халқҳо» ва медалу ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардидааст.

Соли 1958 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

25 январи соли 1978 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved