• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

37ҚОДИР НАИМӢ 5 майи соли 1914 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1929 ихтиёран ба сафи Армияи Сурх дохил шуда, аз соли 1931 ба кори рӯзноманигорӣ гузаштааст. Сипас, мактаби кopгарии назди Университети давлатии Маскав ва Институти зоотехникии Маскавро ба итмом расондааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тарҷумони Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон будааст. Солҳои 1946-1948 ба ҳайси референти калони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷаллаи «Болшевики Тоҷикистон», рӯзномаҳои «Тоҷикистони Советӣ» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» кор кардааст. Солҳои 1960-1977 вазифаи сармуҳаррири Идораи гуфторҳо барои кишварҳои хориҷии Кумитаи радиошунавонии ҷумҳуриро ба ҷой овардааст.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиддан ба кори зҷодӣ машғул гардидааст. Нашриёти давлатии Тоҷикистон китобҳои ӯ «Уштур ва шағол», «Гурги ваҳшӣ ва харгӯш» (1948), «Харгӯши далер» (1951), «Рӯзи равшан» (1957), маҷмӯаи ҳикояҳои «Maн бо шумо»-ро (I960) дастраси хонандагон гардонидааст. Соли 1982 романи «Солҳои санҷиш»-аш аз чоп баромада, сипас асарҳои «Тундар» (1991) ва «Фоҷеа дар чашмасор» (1994)-аш ба табъ расидаанд.

Хизматҳои шоистаи Қодир Наимӣ бо чандин медал ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

9 феврали соли 2002 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved