• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

35БОЛТА ОРТИҚОВ 5 майи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1952 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Дар мактабҳои ноҳияи Кофарниҳон муаллимӣ кардааст. Мудири шуъбаи моҳномаи «Пионери Тоҷикистон», хабарнигори рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст.

Солҳои охир дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод мекард. Офаридаҳояш аз соли 1953 ба чоп расидаанд. Асосан барои бачаҳо менавишт, ки маҷмӯаҳои «Овози ҷавонон» (1954), «Ҷиянҳои қишлоқӣ» (1958), «Конфетҳо» (1962), «Духтарчаи нағз» (1965), «Себи орухур» (1966), «Мактуби сегӯша» (1971), «Ҳандалак» (1973), қиссаҳои машҳури «Таътил» (1959), «Полвон» (1964), «Гули садбарг» (1966), «Бачаҳои Лолазор» (1975), «Дурдонаҳои Зарафшон» (1980), «Пайи хун» (1982), «Дандони тилло» (1982), «Достони Самарқанд» (1985), «Ҳирси одам» (1985), «Киштзор» (1987) ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Якҷиладаҳояш солҳои 1976 ва 1984 ба табъ расидаанд.

Китобҳои «Каникулы» (1963) ва «Неугомонный Насыр» (1975)-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар Маскав чоп шудаанд.Чанде аз навиштаҳояш ба дигар забонҳо ҳам тарҷума шудаанд.

Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

19 ноябри соли 2001 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37