• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

34ҶУМЪА ОДИНА 13 марти соли 1930 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол, ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расондааст. Солҳои гуногун муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи маҷаллаи «Тоҷикистон», муҳаррири Радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашри Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ходими адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст.

Асарҳояш аз солҳои 60-ум ба чопшавӣ cap кардаанд. Соли 1964 дар моҳномаи «Садои Шарқ» қиссаи аввалинаш «Авроқи рангин», соли 1968 қиссаи дигараш «Иншо дар мавзӯи озод» ба табъ расидаанд. Соли 1970 ҳар ду қисса бо номи «Авроқи рангин» дар як муҷаллад аз чоп баромадаанд. Соли 1973 маҷмӯаи ҳикояҳояш «Чанбари оташ» чоп шудааст. Соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Романро нашриёти «Ирфон» чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид. Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонда шуд.

Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми «Искандари Мақдунӣ» дар матбуот чоп шуданд.

Дар тарҷумаи бадеӣ ҳам пешдаст буд. Зиёда аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки романҳои В.Сабко «Кафолати сулҳ», И.Шамякин «Дил дар кафи даст», В.Латсис «Писари моҳигир», Г.Марков «Сибир» аз он шумуланд.

Аз соли 1966 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

14 сентябри соли 1982 вафот кард.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved