• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

32БОРИС ПШЕНИЧНИЙ 31 январи соли 1935 дар деҳаи Алломаи Озарбойҷон зода шудааст. Соли 1957 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Ленинград, соли 1970 Академияи илмҳои ҷамъиятии Маскавро хатм кардааст. Номзади илми таърих аст.

Дар рӯзномаҳои «Ленинградская правда», «Комсомолец Таджикистана», «Коммунист Таджикистана» ходим, мудири шуъба ва сармуҳаррир, чанд соли охир сармуҳаррири моҳномаи «Помир» будааст.

Муаллифи мақола, очерк, филмнома, драма ва ҳикояҳои тахайюлӣ мебошад. Ҳикояҳои беҳтаринаш дар маҷмӯаи «Уйти, чтобы вернуться» (1985) гирд омадаанд. Осори алоҳидаи адибони тоҷик С. Турсун, Ӯ. Кӯҳзод ва дигаронро ба русӣ гардондааст.

Чанд сол вакили мардумӣ дар порлумони замон будааст. Соли 1979 ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардидааст.

Бо нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1997 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37