• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

30АБДУРОФЕЪ РАБИ­ЗОДА (Шераки Ориён) 7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1995, шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, соли 1986 Мактаби олии синамогарони Маскавро хатм кардааст. Муддате дар Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикфилм» адои вазифа кардаааст. Муассис ва сарвари маҳфили адабии «Зарафшон» будааст, ки яке аз доираҳои нерӯманди кишвар эътироф гардидааст.

Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғ. эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби банашррасида (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то ба русӣ), 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намойиш гузошта, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд.

Филмномаҳои ӯ «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чилмеҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» ва ғ. ба тасвири рӯзгори ибратбахши адибону ҳунармандони кишварамон ихтисос ёфтаанд.

Ҳамчунин, таҳиягар (режиссёр)-и як миқдор филмҳо, монанди «Помпейи Машриқзамин», «Чакомаи дарахт», «Асрори тоқиҳои Варорӯд», «Зиндагиномаи як инсон» ва ғ. мебошад.

Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупойӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ) ва як қатор мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шудаанд.

Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved