• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

25ШАМСӢ СОБИР 26 декабри соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1956 бахши тарҷумонии факултаи таъриху адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тамом карда, дар вазифаҳои муҳаррири муассисаҳои давлатии нашаротии «Ирфон»-у «Маориф» (1956-1962, 1966-1968), ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1962-1965), мудири шуъбаи насри моҳномаи «Садои Шарқ» (1968-1977), ходими адабии Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмуд Воҳидов, муҳаррири калони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик (1977-1983) фаъолият бурдааст.

Aз оғози солҳои 50-ум ба кори эҷодӣ машғул шудааст, ки «Бедона» ва «Ошёни ашрофон»-и И.Тургенев, «Саги сафед»-и А. Куприн, «Ду капитан»-и В.Каверин (1961), «Қиссаи як муҳаббат»-и О.Гончар (1961), ҳикояҳои Л. Толстой (1970), баъзе асарҳои Ф. Достоевский (1971), романи «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Н.Островский (1973) ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Ҳунари волои тарҷумонияш дар баргардони романи М. Шолохов «Замини корамшуда» (1965) ва романи Ф. Достоевский «Ҷиноят ва ҷазо» (1984) зоҳир гардидааст.

Ҳамчунин тарҷумаи романҳои С. Алӣ «Васвасаи шайтон», Р. Роллан «Пйер ва Люс», А. Зегерс «Транзит», драмаҳои М. Горкий «Мӯйсафед», К. Яшин «Ситораи раҳнамо», К. Хаинский «Достони шаб» ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Дар таҳияи «Луғати русӣ–тоҷикӣ» ширкат варзидааст. Матни як қатор филмҳои бадеиро низ ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо чанд ордену медали ҷашнӣ ва ифтихорнома мукофотонида шудааст.

Аз соли 1969 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

8 июни соли 1996 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37