• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

23ҲОҶӢ СОДИҚ 25 сентябри соли 1913 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Донишомӯзиро дар мактаби куҳна сар карда, дар мактаби шӯравӣ давом додааст. Баъди хатми Техникуми мусиқии Хуҷанд дар колхози ба номи И.В. Сталин, баъдан «Коминтерн»-и ноҳияи Ленинобод котиби созмони комсомолон будааст. Аз соли 1936 ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, чанде муҳарририи рӯзномаҳои «Ғалаба», «Стахановчӣ» ва «Бо роҳи Ленинӣ»-ро бар уҳда доштааст. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳо роҳбари сиёсӣ ва қумондони ротаи пулемётчиён, иштирокчии муҳорибаи Сталинград будааст. Дар назди Харков захмӣ шудааст. Дар ҳамин муҳориба 23 декабри соли 1942 (маротибаи савум) сахт ярадор шуда, муддате дар госпитал табобат гирифтааст. Моҳи июли соли 1943 аз ҷанг баргашта, муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» таъин шудааст. Сипас котиби Кумиҷроияи вилояти Ленинобод, муҳаррири рӯзномаҳои вилоятӣ ва марказии «Совет Тоҷикистони» (1964-1979) будааст.

Ҳикояҳои аввалинаш, ки ҳаҷвӣ-мутоябавӣ буданд, аз солҳои 30-юми асри гузашта дар рӯзномаю моҳномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд. Китоби аввалинаш «Яъне, ки масалан» соли 1963 интишор ёфтааст. Силсилаи очерку фелетону ҳаҷвияҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва китобҳои «Қаҳрамони шайдоӣ» (1951), «Аз Масчоҳ то Масчоҳ» (1961), «Аскари ношинос» (1966), «Сироҷиддин-ака» (1972) ва ғ. ба чоп расидаанд.

Ҳамчунин, муаллифи китоби ҳикояҳои ҳаҷвии «Шафқат кунед, дӯстон!» (1971), «Додамро ба кӣ гӯям?» (1970), «Қиссаи бузи бериш» (1978) ва ғ. мебошад. Барои бачагон ҳам асарҳо навиштааст. Дар ҳикояву намоишномаҳои ҳаҷвӣ образи қаҳрамононашро соддаю оммафаҳм ва равшану шинохтанӣ тасвир кардааст. Дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикояҳои ҷолибе навиштааст, ки хонандаро ба ватандӯстию шинохтани қадри зиндагӣ ҳидоят мекунанд.

Дар жанри драматургия низ пурмаҳсул кор кардааст. Аз ҷумла, пйесаи «Духтари сӯфӣ»-ашро соли 1937 дар саҳнаи театри колхозӣ намоиш додаанд. Баъдан намоишномаҳои «Қумрӣ», «Ҷони нодон дар азоб», «Таърихи тоқӣ» (1959), «Бемории ногаҳонӣ» (1960), «Кӯзаи сеҳрнок» (1970), «Туҳфа» (1972), «Дили озурда» (1972), «Эшони риш» (1974), «Виҷдон» (1977), «Воқеаи мошини сабукрав» (1978)-ро таълиф намудааст. Аз ҳама беш намоишномаи мазҳакавии «Интихоби домод» (1962)-аш шуҳрати ҳамагонӣ ёфта, дар саҳнаи театрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон борҳо намоиш дода шудааст. Соли 1980 намоиши 600-умини «Интихоби домод» баргузор гардидааст, ки рекорди соҳавист.

Бештар аз 300 минётури телевизионӣ, асари ёддоштии «Қаҳрамони нахустин», романҳои «Гардиш» (1986) ва «Қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ донад» (1987) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Намунаҳое аз асарҳои ӯ ба бисёр забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Соли 2003, ба муносибати 90-солагии нависанда, романи ӯ «Каждуми зери бӯрё» пешкаши муштариёнаш гардид.

Вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7-9), Арбоби фарҳанг ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва чор ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

18 декабри соли 1990 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved