• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

22МУҲАММАДЗАМОНИ СОЛЕҲ 5 январи соли 1951 дар деҳаи Падрохини ноҳияи Масчоҳ дида ба олами рӯшан кушодааст. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974) буда, фаъолияти кориро ба ҳайси ходими адабии шуъбаи адабию драмавии Телевизиони тоҷик оғоз намудааст (1974-1978). Баъдан дар вазифаҳои мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1978-1981), ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1981-1989), мудири шуъбаи танзими тарҷума ва нашри китоби Кумитаи матбуоти Тоҷикистон (1989-1992), мудири бахши адабии Театри таҷрибавии «Аҳорун» (1992-1994), ходими адабии Бунгоҳи тарҷума ва нашри «Симурғ»-и назди Кумитаи давлатии матбуоти ҷумҳурӣ (1994-1995), сардабири нашриёти «Деваштич» (2000-2009) адои хидмат намудааст.

Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 дар «Газетаи муаллимон» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.

Муҳаммадзамони Солеҳ ба майдони адабиёт ҷасурона ва бо сабку услуби хоса ворид омада, назари таърихиро дар таҳқиқи воқеъияти зиндагӣ амиқтар намудааст. Романи таърихии ӯ «Девори Хуросон», ки қаҳрамони асосияш Амир Исмоили Сомонӣ мебошад, бо такя ба осори таърихнигорону олимон ва адибони давраи Сомониён нигошта шуда, асари пурмуҳтавои дорои суҷаи ҷолибу хонданист ва дар тарбияи завқи бадеии хонанда, худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик, дарки ифтихори миллию ватандорӣ арзишу моҳияти калон дорад.

Қиссаи «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоровро ба тоҷикӣ тарҷума, «Готҳо»-и Зардуштро ба хатти имрӯза баргардон кардааст.

Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

1 феврали соли 2009 дунёи фониро тарк гуфт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved