• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

21САЛОҲ СОЛЕҲ 18 январи соли 1927 дар шаҳри Бухоро зода шудааст. Соли 1951 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Осиёи Миёнаи Тошканд, соли 1955 аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Чанде дар Пажӯҳиш­гоҳи илмҳои омӯзгорӣ кор карда, баъдан муаллими фанҳои забону адабиёти тоҷик ва нутқи саҳнавӣ дар Донишгоҳи театрии Маскав будааст. Солҳои 1958-1970 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, солҳои 1970-1975 мудири шуъбаи назорати илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, солҳои 1975-1981 муаллими кафедраи маҳорати актёрии Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, баъдан ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ будааст.


Дар масъалаҳои гуногуни адабиёти гузаштаву имрӯзаи тоҷик, тарҷума, драматургия, маданияти нутқ ва ғ. мақолаҳои зиёде таълиф намудааст. Муаллифи китобу рисолаҳои «Тарбияи ватандӯстӣ ҳангоми омӯхтани эҷодиёти С. Айнӣ дар синфи даҳум» (1958), «Умари Хайём» (1960), «Ҳаҷви тоҷик дар матбуоти тоҷикии солҳои 20-30» (1969), «700 ибораи фразеологии забони русӣ», (Маскав, 1982) «Муҳовараи русӣ-тоҷикӣ» (1982) ва ғ. мебошад.

Баъзе аз бобҳои «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1961) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар таҳрири «Луғати русӣ-тоҷикӣ» ва ҷилдҳои алоҳидаи Энсиклопедияи советии тоҷик фаъолона ширкат варзидааст.

Ба эҷоди ҳикояҳои хурду ҳаҷвӣ ҳам рағбат дошта, соли 1978 китоби «Мусиқии баҳор», соли 1989 маҷмӯаи «Ёди чашмони ашколуд»-аш аз чоп баромадаанд.

Осори ҷудогонаи А.П. Чехов, И. В. Короленко, А. Платонов, П. Мериме, Ч. Айтматов, И. Раҳим, И. Шаркади, К. Грабелшек, ҳамчунин, чанд филми ҳунариро ба тоҷикӣ гардондааст.

Дар таҳия ва нашри мероси гузаштагон, аз ҷумла, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким (1985) ва «Захираи хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ (1992) ширкат варзидааст.

Аз соли 1986 узви Созмони ховаршиносони шӯравӣ, аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

13 декабри соли 2004 падруди олами фонӣ гуфт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved