• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

19МУҲАММАД СУБҲОН 10 июли соли 1945 дар деҳаи Қалъачаи Қалони ноҳияи Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Соли 1962 мактаби миёнаи №7-ро ба итмом расонда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи табиатшиносию ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шудааст. Баъди хатми донишкада дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ ба фаъолияти илмӣ пардохта (1967-1985), аз дараҷаи лаборанти калон то ходими калони илмӣ ба камол расидааст. Соли 1971 вориди аспирантура шуда, 3 сол дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) рисолаи илмӣ навиштааст ва сазовори унвони номзади илмҳои биология шудааст. Солҳои 1976-1979 котиби аввали Кумитаи комсомоли Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон буда, солҳои 1980-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ (дар Афғонистон) адои хидмат кардааст. Сипас, то соли 1983, дар Институти зоология ва паразитология ҳамчун корманди калони илмӣ фаъолият бурдааст. Соли 1984 дигарбора Афғонистон рафта, соли 1985 ба Ватан баргаштааст ва сардори Раёсати илму техникаи Вазорати сабзавоту меваҷоти ҷумҳурӣ таъин шудааст. Баъдан, солҳои 1986-1989, сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Кумитаи агросаноатӣ, солҳои 1990-1992 сардори Сарраёсати назорати давлатии Вазорати ҳифзи табиати ҷумҳурӣ будааст.

Солҳои 1992-1999 дар вазифаҳои котиби илмӣ, раиси Маркази илмӣ, мудири шуъба, муовини раиси Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст.

Аз моҳи апрели соли 1999 то 2003 нахуст муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Точикистон дар вилояти Суғд баъдан ноиби ректори ДДҲБСТ (2006-2011) ва мушовири шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2011 корманди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа дар вилояти Суғд мебошад.

Зиёда аз 60 мақолаи илмию оммавӣ, китобҳои «Луғати русӣ-тоҷикӣ аз зоология» (1974), «Асрори табиат» (1986), «Ҳифзи табиати кишвар» (1987), «Ҳифзи табиат – кори зиндагӣ» (2001), афсонаҳои «Лаклаки сафед» (2002), «Ишқи мор» (2007), «Шоҳпаланг» (1998), «Наҳанги мӯйлабдор» ва ғ. зодаи қалами ӯстанд.

Китобҳои барои наврасон таълифкардаи вай «Қози якпо» (1987), «Лаби уштур овезон» (1990), «Асрори табиат» (1997), «Қиссаи лаклаки сафед» (2011), «Наҳанги мӯйлабдор» (2009), «Марди латтапайванд» (1983) мақбули ҳамагонанд.

Қиссаҳои мустанади «Нури Самарқанд» (1999), «Тақдир» (1999), «Ҷонфидои Машриқзамин» (2000), «Қиссаи Фозилпаҳлавон» (2002), «Гули сурхи Истаравшан» (2003), «Сарнавишт» (2012), «Мирзоёни ҷонфидо» (2011), «Ҳомиён» (2012), «Марди соҳибхирад» (2013)-аш ба гунаи китобҳои алоҳида мунташир гардидаанд.

Барои асари «Ҳомиён» (2012) сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Барои хидматҳои шоёни илмӣ ва шаҳрвандӣ сазовори Медали академик Е.Н.Павловский, ордени «Дӯстӣ», медали «Ҷанговари интернатсионалист», «Медали Жуков» ва даҳ медали дигар, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии СССР ва РСС Тоҷикистон гардонида шудааст.

Узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқӣ оид ба экология (1994), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2001) мебошад.

Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Точикистон пазируфта шудааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37