• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

18МАНСУР СУРУШ (Сайфиддинов Мансур Сайдалиевич) 19 декабри соли 1954 дар ноҳияи Панҷ, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаи ноҳияи Вахш, соли 1977 факултети филологияи тоҷики УДТ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии КМ КПСС (ш. Тошканд)-ро хатм намудааст. Дар як қатор рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Памир» фаъолият дошт. Аз соли 1993 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Солҳои 1998-2003 ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2003-2007 – сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ». Аз соли 2007 инҷониб ба ҳайси Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият дорад.

Муаллифи асарҳои «Табъид», «Ҳалвои оштӣ», «Чала», «Нишонаи Азроил», «Гуноҳи деворбаст», «Пули заррин», «Намози бомдод», «Замон ва андеша», «Президенти мардумӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо С. Фаттоев), «Қиссаи бонуи соҳибқалам», «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни бухорӣ»  мебошам. Намоишномаҳои  ман «Акси садои тӯлонӣ», «Шиквае аз ту надорам, асри ман», «Халифа – Лаклак» дар театрҳои русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский  (Душанбе) ва А. С. Пушкин (Чкалов), инчунин театри ӯзбекии ҷумҳуриявии ба номи   Ш. Бурҳонов ба саҳна гузошта шудаанд. Муаллифи сенарияи филми телевизионии «Аз Душанбе то Тел-Авив» мебошам. Асарҳои як қатор нависандагони тоҷикро, аз ҷумла баъзе аз порчаҳои китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Рӯзбеҳ»-и Ӯрун Кӯҳзод, ҳикояҳои Абдулмалик Баҳорӣ, песаҳои «Гавҳари шабчироғ»-и  С. Улуғзода, «Куруш ва Куруз»-и Низом Қосим, порчаҳо аз романи «Садама»-и Саттор Турсун, мақолаи устод Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш» ва ғайраро ба забони русӣ тарҷума кардааст.  Ҳамчунин китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони русӣ тарҷума намудааст.

 Намунаи ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои адабии «Новое время», «Огонёк»  (Федератсияи Россия) ва  «Русское поле» (Молдова) чоп шудаанд. Баъзе аз асарҳоям ба забонҳои ӯзбекӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1995, барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Лоҳутӣ мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37