• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

15ПӮЛОД ТОЛИС 24 августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна ҳуруфчини матбааи шаҳри Ленинобод, ҳунарпешаи театри драмавӣ, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули маҷаллаи «Пионер» (дар Душанбе), муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 1953 котиби масъул, баъдан сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» будааст ва дар пешрафти насри тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст.

Ҳикояи аввалинашро соли 1946 навиштааст. Ба эҷодиёти нависандаи ҷавон Устод Айнӣ баҳои баланд додааст. Қаҳрамонони асарҳояш коргарони ҷавон, деҳқонон, зиёиёни шаҳру деҳот, толибилмон мебошанд. Китоби «Чароғҳо» (1948), «Ҳикояҳо» (1952), «Дар сари роҳи калон» (1954), «Ҳикояҳои даҳ сол» (1957)-аш пайиҳам интишор ёфтаанд.

Соли 1950 аввалин қиссаи Пӯлод Толис «Ҷавонӣ» ба табъ расида, сазовори истиқболи гарми хонандагон гардидааст. Беҳтарин асари тарҷумаиҳолии ӯ «Тобистон» аст, ки аз рӯзгори талхи тоҷикбачагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунад.

Пӯлод Толис аз зумраи нависандагонест, ки дар тасвири олами ботинии насли ҷавон, офаридани образу характери хурдсолон ва бозгӯйи рози ниҳони кӯдакон пешдастанд. Қиссаи «Тобистон» ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, литвонӣ, эстонӣ, қирғизӣ тарҷума ва чоп шудааст. Дар заминаи он филми ҳунарии «Тобистони соли 1943» таҳия ва пешкаши умум гардидааст.

Китобҳои «Бузичаи ман» (1950-1970), «Бачагони қишлоқи мо» (1950), «Мӯрчаяк» (1952,1961,1972), «Ҳикояҳо барои бачагон» (1957)-ро барои бачагон навиштааст.

Офаридаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаи «Повесту ҳикояҳо» (1966) ва дуҷилдаи осораш (1975-1976) дарҷ ёфтаанд.

Намунаҳоеро аз осори А.Герсен, А.Чехов, М.Горкий ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

17 сентябри соли 1961 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37