• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

14БАҲОДУР ФАЙЗУЛЛО 26 сентябри соли 1933 дар шаҳри Истаравшани вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1957 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм ва аз ҳамон вақт дар соҳаи матбуот кор кардааст. Аввал мудири шуъбаи рӯзномаи «Роҳи сотсиализм» (Истаравшан), баъдан ходими адабии маҷаллаи «Хорпушта» ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» будааст. Дигарбора дар маҷаллаи «Хорпуштак», то соли 1991, ба ҳайси муҳаррири шуъбаи адабӣ кор кардааст.

Асосан дар жанри ҳаҷву мазҳака эҷод намудааст. Асарҳояш аз соли 1951 чоп мешаванд. Муаллифи асарҳои ҳаҷвии «Ками мову карами шумо!» (1970), «Як дақиқа берун бароед!» (1975), «Обсофкунак» (1980), «Камкори сертараддуд» (1983), «Чӯли одамхӯр» (1985), «Бандаи ханда» (1989), «Синие верблюды» (1989) мебошад.

Бисёре аз ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Помир», «Машъал», «Крокодил» ва «Журналист» (Масква), «Звезда Востока», «Шарқ юлдузи», «Гулистон» (Тошканд), дар китоби «1001 улыбка» (Маскав, 1979), нашрияҳои ҳаҷвии Булғория, Латвия, Арманистон ба чоп расидаанд.

Дар хонаи «Ҳаҷву ханда»-и шаҳри Габровои Булғория рӯйхати асарҳои ҳаҷвияш маҳфуз аст.

Биёр асарҳои ҳаҷвнигорони рус, белорус, украина ва ғ.-ро тарҷума кардааст. Ҳамчунин, асари калонҳаҷми ҳаҷвнависи нӯғай А. Найманов «Асали талх»-ро тарҷума ва дастраси хонандагон намудааст.

Дар баробари ин очеркҳои зиёде навиштааст, ки дар авроқи маҷмӯаҳои «Табиб Охунов», «Табиби мо – ҳабиби мо», «Асилзода», «Ҳофизи хушхони мо», «Номбардори «Кошонаи Саъдӣ», китоби дастҷаъмии «Грани подвига» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Ҳамзамон, дар бадали бист соли ҷустуҷӯй ашъори парокандаи Зуфархон Ҷавҳариро гирд оварда, таҳти унвони «Девони Зуфархон Ҷавҳарӣ» мураттаб сохтааст. Ҳамчунин, таҳти унвони Тори муҳаббат» мунтахаби ашъори Лутфӣ Обидхӯҷаевро «пешкаши хонандагон намудааст.

Бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

9 сентябри соли 2008 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37