• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

13МАРЯМБОНУИ ФАР­ҒОНӢ 11 ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 мактаби миёнаи №11 зодгоҳашро хатм карда, донишомӯзи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд гардидааст ва соли 1977 ба итмом расондааст. То охири соли 1984 дар мактаби зодгоҳаш омӯзгорӣ кардааст. Моҳи январи соли 1985 Душанбе омада, ба ҳайси методисти калони Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон ба кор пардохтааст.

Шавқи беандозаи эҷодкорӣ Марямбонуро ба ҷодаи рӯзноманигорӣ кашида, соли 1990 дар рӯзномаи навтаъсиси «Паёми Душанбе» ба фаъолият оғозидааст. Чанде дар рӯзномаи «Садои мардум», маҷаллаҳои «Фирӯза»-ву «Истиқбол» адои вазифа намудааст. Алҳол хабарнигори рӯзномаи «Омӯзгор» мебошад.

Соҳиби китобҳои «Хуморшикан» (2004), «Таманно» (2014)-ст.

Нахустин маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳояш «Афсонаи тамаддун» (1995) дар нашриёти «Пайк» ба табъ расида, соли 1996 дар Маскав сазовори Мукофоти байналхалқии ба номи Борис Пастернак гардонида шудааст.

Ҳамзамон, ба ҷамъоварии фолклори тоҷикони Фарғона машғул буда, рисолаи илмии «Фарҳанги омиёнаи Сӯх»-ро таълиф намудааст, ки қисме аз он дар маҷаллаи «Мардумгиёҳ» ба чоп расидааст.

Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37