• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

09ШАРИФ ШАРАФ 15 майи соли 1927 дар деҳаи Шайдони ноҳияи Ховалинг таваллуд ёфтааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Аз соли 1952 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (баъдан «Ирфон») муҳарририру мудири шуъба, муовини сармуҳаррир ва то нафақа баромаданаш дар нашриёти «Адиб» мудири шуъба будааст.

Нахустин асарҳои тарҷумакардааш аз аввали солҳои 50-ум чоп шудаанд. Аз ҷумла, тарҷумаи роману қиссаҳои Л.Н.Толстой «Ҳикояҳо барои бачагон» (1953), А. Голубев «Писарбачае аз Урзум» (1953), Г.Лагин «Пирамард ибни Хаттоб» (1961), С.Усмон «Умар ва Изабелла» (1964), Г. Мустафин «Пас аз тӯфон» (1965), Мулк Роҷ Ананд «Қиссаи як зани ҳинду» (1965), Т. Голуй «Бозгашт» (1971), М.Ҷавахашвили «Арсени марабдагӣ» (1968), китоби якуми романи сеҷилдаи К. Симонов «Зиндаҳо ва мурдаҳо» (1976), Артур Конан Дойл «Ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс» (1982), П. Вежинов «Ба сӯйи соҳили мурод» (1973), Майн Рид «Савораи бесар» (1976), «Оцеола, пешвои семинолҳо» (2004), Ю. Семёнов «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» (1984), В.В. Распутин «Зинда бошу фаромӯш макун!», «Қарз», «Дар назъи ҷон» (1991), Ч. Диккенс «Саргузашти Оливер Твист» (1988) ва ғ. маҳсули заҳмати бистсолаи ӯстанд.

Тарҷумаи драмаҳои «Шикори мурғобӣ»-и А. Вампилов, «Чорчархи ман»-и Т. Ҷумъагелдиев, «Автобуси мусофиркаш»-и В.Сергеев, «Хандаи бахт ё худ қиссаи бекарнаю бесурнай» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Чанд филми ҳунариро низ ба тоҷикӣ гардондааст.

Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон. Бо чанд ифтихорнома ва нишони фахрӣ сарфароз гардидааст.

Аз оли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

26 майи соли 2013 вафот кард.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37