• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

08АКОБИР ШАРИФӢ 8 феврали соли 1928 дар деҳаи Вардучи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар нашрияҳои бачагона, Телевизиони тоҷик ҳамчун асосгузор ва сармуҳаррири шҷъбаи бачагон ва наврасон ва  Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.

Барои бачагон эҷод мекард. Ашъори барои бачагон офаридааш дар маҷмӯаҳои «Бойчекак» (1959), «Наргис ба мактаб меравад» (1963), «Амаки милиса» (1965), «Афсонаи хараки лофзан» (1975), «Аҳмади кайҳоннавард» (1967), «Бӯрёкӯбон» (1972) ва ғ. ба табъ расидаанд. Ҳикояи «Амаки милиса»-и ӯ яке аз беҳтарин ҳикоя дар адабиёти кӯдак ба шумор меравад.

Асарҳои беҳтаринаш дар якҷилдаҳои «Тӯҳфа» (1973), «Бобои ман ордендор» (1975), «Тоҷикистони азиз» (1979), «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор» (1980), «Айёми хушбахтӣ» (1985) ва ғ. пешкаши хонандагон гардидаанд.

 Иддае аз ашъори ӯ ба забони халқҳои дигар тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, китобҳои ӯ «Дядя милиционер» (1965), «Хвастливый осёл» (1966), «Не откладывайте на завтра» (Маскав, 1977) ва ғ.ба русӣ интишор ёфтаанд.

Китоби шеърҳои С. Маршак, К. Чуковский, А. Барто, Я. Аким, Д. Родари, Д. Мамин –Сибиряк, С. Михалков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

14 августи соли 2007 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37