• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

07НАҶМИДДИНИ ШОҲИНБОД 21 ноябри соли 1952 дар деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилашро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, баъди хатми он дар рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» кор кардааст. Солҳои 1980-1983 ва 1984-1987 тарҷумони Созмони ҷавонони Ҷумҳурии Демократии Афғонистон будааст. Соли 1989 рӯзномаи «Фарҳанги Бадахшон»-ро таъсис дода, ҳамзамон сармуҳарририи нашриёти «Помир» (Хоруғ)-ро бар уҳда доштааст. Солҳои 1997-2003 мухбири рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд, солҳои 2000-2009 муовини сармуҳаррири ҳафтавори «Суғд» будааст. Аз соли 2009 сардабири ҳафтавораҳои «Алюмини Тоҷикистон» ва «Башардӯсти Тоҷикистон» мебошад.

Дар жанрҳои гуногуни журналистика ва адабиёт, асосан ҳаҷву мутояба хомафарсоӣ мекунад. Офаридаҳояш аз соли 1973 дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ, аз ҷумлаи «Пионери Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Хорпуштак», «Адабиёт ва санъат», «Крокодил» ва маҷмӯаҳои «Шохи гург»-у «Ҳайкали гург» чоп шудаанд.

 Асарҳои публитсистии ӯ дар китобҳои «Болҳои заррини Абдувалӣ» (1998), «Зиндадил», (1990), «Зафармандони дашти зафар» (1998) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Дар заминаи асарҳои алоҳидаи ӯ театрҳои Хоруғ, Рӯшон ва ТВТ саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия кардаанд. Баъзе навиштаҳояш ба забонҳои русӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, литвонӣ, булғорӣ, инглисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1989). Дар Фестивали умумиттифоқии монологи эстрадӣ (1987) сазовори ҷойи аввал гардидааст.

Бо ордени «Дустӣ», медалҳои «Шуҷоат» ва «Ҷасорат»-и Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва СССР мукофотонида шудааст.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved