• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

04АЛЕКСАНДР ЯБЛОКОВ 24 июни соли 1934 дар шаҳри Балахнаи вилояти Горкий ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 Омӯзишгоҳи кимиёи Загорскро хатм карда, дар Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон кор кардааст. Соли 1960 факултаи ҷуғрофиёи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, дар муассисаҳои тадқиқоти ҷуғрофии Қирғизистону Тоҷикистон машғули фаъолият будааст. Чанд сол муҳарририи нашриёти «Ирфон»-ро бар уҳда доштааст. Чанде корманди илмии Маркази омӯзиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон будааст.

Ашъораш дар авроқи китобҳои «Снежная Робинзониада» (Маскав, 1968), «Страна заоблачной трассы» (Фрунзе, 1970), «Снежинка на ладони» (1975), «Против стихии» (1982), «Сарбадоры» (1984), «Там, где кончаются тропы» (1988), «Варзоб» (1989) ва ғ. чоп шудаанд.

Очерку қисаҳояш дар як қатор маҷаллаҳои бонуфузи Тоҷикистону Қирғизистону Русия ба табъ расидаанд.

Очерки «Слово о матери» соли 1979 сазовори Ҷоизаи маҷаллаи машҳури «Крестянка» гардидааст.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37