• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

01ОРИЁНМЕҲР (Анвар Мирзоҳакими Олим) соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шуда, соли 1977 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст.

Аз соли 1980 дар соҳаи рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад. Ҳоло корманди масъули маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Қиссаҳо аз ислом ва панди Мавлонои Рум», «Вақти гули зардолу», «Балогардон», «Макрӯҳ», «Шаби 13-ум…» мебошад.

Асарҳои адиби литвонӣ Скрайрис «Чароғи сеҳрнок», нависандаи рус В.Гринков «Ашки ҷаллод», нависандаи қирғиз Ч. Айтматов «Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37