• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

АЗИМ АМИН 11 майи соли 1951 дар Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Соли1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

  Чанде корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан аспиранти Донишкадаи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкий (Маскав) буда, дар ҳамон ҷой рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Солҳои 1981-1998 ходими илмии ИЗА ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1998-2009 корманди масъули ДИ ПҶТ, 2003-2006 ноиби ректори ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода, 2006-2008 нойиби ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон буда, аз соли 2005 дотсенти кафедраи назария ва амалияи ВАО-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст.

Муаллифи рисолаи «Рубоӣ ва лирикаи фалсафӣ дар шеъри тоҷики даврони шӯравӣ» (1988), чандин китоби дарсию дастури таълим мебошад.

Чанде аз мақолаҳояш дар нашрияҳои Маскав ба табъ расидаанд.

Аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved