• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

     ҶУМЪАБОЙ    АЗИЗҚУЛОВ 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент   ба     ҷаҳон омадааст.

   Соли 1958 факултаи таъриху    филологияи Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба номи         В.И.Ленинро хатм кардааст.

 Баъдан ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,    муҳаррири илмӣ, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири   Энсиклопедияи советии тоҷик будааст.

 Соли 1974 «дар мавзӯи «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя   кардааст.

  Намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп     омода сохтааст.

«Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд.

Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс («Бехонумон»), Н.Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я.Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи чанд филми ҳунарӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved