• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

64ЛУТФУЛЛО БУЗУРГ­ЗОДА 28 декабри соли 1909 дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара зода шудааст.

Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ (1930) муддате муаллимӣ кардааст.

Соли 1936 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, чанде муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон, корманди илмии Академияи илмҳо, устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе будааст.

Соли 1941 ба ҷабҳа рафта, дар муҳорибаҳои Маскав, Ленинград ва Белоруссия иштирок кардааст.

Фаъолияти илмияш аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз ёфтааст Мақолаҳояш дар бораи рӯзгору осори Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиёти тоҷик аз қобилияти нотакрори ӯ гувоҳӣ медоданд.

Устод Айнӣ ба навиштаҳои ӯ баҳои баланд додааст.

Дар таҳияи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) иштироки фаъол доштааст.

Дар ҷустуҷӯ ва тасдиқу таъйиди зодгоҳу мазори Устод Рӯдакӣ ҳиссаи калон гузоштааст.

Омӯзишу ҷамъоварии мероси шифоҳии мардумӣ соҳаи дигари фаъолияти босамари ӯ буда, таҳия ва нашри матни «Гуруғлӣ» (1940, ҳамроҳи М.Миршакар), маҷмӯаи «Чистонҳо ва зарбулмасалҳои тоҷикӣ (1941), мақолаҳои «Достонгӯй ва шоири халқӣ Бобоюнус» ва «Инъикоси шӯриши Воеъ дар фолклор» (1941) аз навиштаҳои ҷолиби диққати ӯстанд.

Мақолаву гузоришҳои ӯ роҷеъ ба масъалаҳои забон ва забоншиносӣ аз аввалин дастовардаҳои шоистаи соҳа будаанд.

Аз ҷумла, «Зада дар забони адабии тоҷик» (1937), «Материалҳо доир ба грамматикаи забони тоҷикӣ» (1937), «Ҷадвали грамматикӣ» (1938), «Фонетикаи забони тоҷикӣ» (1940), «Морфологияи забони тоҷикӣ» (1941), «Синтаксиси забони тоҷикӣ» (1942) аз пурарзиштарин офаридаҳои ӯ мебошанд.

Фаъолияти Лутфулло Бузургзода дар омӯзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ низ сазовори тақдир аст.

«Намунаҳои гуфтӯгӯи тоҷикони водии Фарғона» (1932), «Шаклҳои феълии якчанд шеваҳои районҳои шимолӣ» (1937), «Харитаи диалектологии шеваҳои водии Фарғона» (1939), «Очерки мухтасари диалектологияи тоҷик» (1941), мақолаҳо дар таҳқиқи лаҳҷаҳои Чилгазӣ, Ворух, Сӯх, Хуҷанд ва ғ. то имрӯз қимати илмиашонро аз даст надодаанд.

Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

12 ноябри соли 1943 дар муҳорибаҳои назди Витебск қаҳрамонона ҳалок гардидааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37