• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

16СОҲИБ ТАБАРОВ 23 ноябри соли 1924 дар деҳаи Чорраҳаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1943 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо бо баҳои аъло тамом карда, дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб ва Донишкадаи омӯзгории Душанбе машғули муаллимӣ шудааст.

Соли 1949 дар мавзӯи ««Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Офаридаҳои нахустинаш диққати Устод Айниро ҷалб намуда, сазовори баҳои муносиби ӯ гардидаанд ва барояш ҷодаи муҳаққиқиро ҳамвор сохтаанд.

Ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёт, проректори қисми илмӣ, мудири кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин будааст. Соле чанд мудирии шуъбаи назарияи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳам бар уҳда доштааст.

Соли 1953 узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Дар таҳқиқу тадқиқи осори Н. Островский, М.Е. Салтиков-Шедрин, С. Пайрав, Алӣ Хуш, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Ф.Ниёзӣ, Р. Ҷалил, М. Қаноат, Гулрухсор ва дигарон саҳми босазо гузоштааст.

Рисолаву брошюраҳои муфассалу мудаллали адабиётшиносӣ ва дастуру воситаҳои таълимии «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Хрестоматияи адабиёти тоҷик барои синфи 9» (1951-1954), «Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954), «Садриддин Айнӣ – сарояндаи Инқилоби Октябр» (1958), «Образи Ленин дар назми советии тоҷик» (1961), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962, 2012), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Назарияи Ленинии партиявияти адабиёт ва санъат» (1963), маҷмӯаи панҷҷилдаи мақолаҳои «Ҳаёт, адабиёт ва реализм» (1966-1989), «Васфи Октябр дар назми советии тоҷик» (1968), «Симои ҷовидонии пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Дастури таълим оид ба назарияи танқиди адабӣ» (қ. 1-1980; қ. 2-1983), «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1980, 1988), «Усули Ленинии ҳизбӣ будани адабиёт ва ҳунар» (1986), «Инъикоси бадеии Октябр дар назми тоҷик» (1987), «Методи таҳлили осори бадеӣ» (1992), «Мунозира»-и Абдуррауфи Фитрат» (1997), «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (1999), «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (ҷ. 1-2008, ҷ. 2-2009) ва бештар аз 600 мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ ва эссеҳои хонданӣ самараи заҳмати пурсамари бештар аз 60-солаи ӯстанд.

Бар замми ин, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзад. Узви чандин шӯрову садорату созмони ҷамъиятию илмиву адабӣ мебошад.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷоизаи ба номи М.Осимии АИ ҶТ, доктор ва профессори ифтихории Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Бо орденҳои «Дӯстӣ»-ю «Шараф», се ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

12 апрели соли 2015 аз олам чашм пӯшид.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved