• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

17БАҲРОМ СИРУС (Охундзода Мирзомуҳаммад) 1 январи соли 1885 дар шаҳри Ленкорани Озарбойҷони Шӯравӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1907 мактаби ҳафтсолаи русии зодгоҳашро хатм кардааст. Соли 1908 ба Эрон муҳоҷират карда, дар ҷунбишҳои сиёсӣ-озодиталабии мардумӣ фаъолона ширкат варзидааст. Соли 1920 бо В.И.Ленин вохурдааст. Соли 1925 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашта, даҳ сол дар идораҳои маориф ва табъу нашри Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан корманди илмии Пажӯҳишгоҳҳои забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ховаршиносии АИ ҶТ будааст.

Доктори илмҳои филология (1964).

Шеърҳояш аз соли 1932 чоп шудаанд, ки дар мавзӯъҳои замон офарида шудаанд, Достони «Ҳуҷум» соли 1933, достони «Холу Зуҳра» дар солҳои ҶБВ эҷод шудаанд. Ашъораш дар маҷмӯаи «Ҳадя» (1974) ва «Ҷашнияи Баҳром Сирус» (1975) интишор ёфтаанд.

Пайваста машғули кори илмӣ буда, дар синни 70-солагӣ рисолаи номзадӣ, дар 80-солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Рисолаҳои маъруфаш «Қофия дар назми тоҷик» (1955), «Арӯзи тоҷикӣ» (1963) ва «Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик» (1972) то ҳол дастуру сарчашмаи беҳамтои таълиму омӯзиши арӯзу қофия дар адабиёти тоҷиканд.

Дар тарҷумаи баъзе асарҳои В.И.Ленин, таҳияву нашри «Шоҳнома» (1955, 1964-1970) ва осори Рӯдакӣ, Низомӣ, Ҳоқонӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, тазкираи «Гулшани адаб» (ҷ.1-5, 1975-1980) ва таълифи китобҳои форсӣ ширкати фаъол доштааст.

Соли 1975 «Ёддоштҳо»-яшро ба чоп расондааст (дар китоби Ҷашнияи Баҳром Сирус» (1975).

Бо ду ордени Ленин, ду ордени «Нишони фахрӣ», медал ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

7 июни соли 1981 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved