• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

16РАСУЛ ҲОДИЗОДА 6 марти соли 1928 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Баъди хатми аспирантураи АИ Тоҷикистон (1953) дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ вазифаи мушовири адабиёти тоҷикро адо кардааст. Баъди дифоъи рисолаи номзадӣ (1954) ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ РСС Тоҷикистон, баъдан мудири шуъбаи адабиёти классикии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Аввалин мақолаҳои илмияш аз ибтидои солҳои 50-ум чоп шудаанд. Дар масъалаҳои муҳимми адабиёти гузаштаву имрӯзаи тоҷик мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар нашрияҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба табъ расидаанд.

Муаллифи рисолаҳои илмии «Сарчашмаҳо оид ба омӯхтани таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIХ» (1956), «Аҳмади Дониш» (1960, 1976), «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIХ» (1969), «Шоҳин» (1974), «Гузашта ва имрӯзи адабиёти тоҷик» (1974) ва ғ. мебошад.

Дар таълифу таҳрири ҷилдҳои алоҳидаи «Очеркҳои таърихи адабиёти тоҷик» (1973-1983) саҳми арзанда дорад.

Мунтахаби осори Аҳмади Дониш, Ҷалолиддини Румӣ, «Калила ва Димна»-ро барои чоп омода сохта, дар таҳияи матни илмии интиқодии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ (дар Маскаву Теҳрон) ширкат варзидааст.

Дар нашри русии ашъори Рӯдакӣ, Мавлоно ва дигар классикони адабиёти тоҷик саҳми шоиста гузоштааст.

Эҷоди асарҳои бадеии таърихӣ дар фаъолияти ӯ мақоми хоса дошта, дар боби ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин, Мансури Ҳаллоҷ, Устод Айнӣ асарҳои ҷолиб офаридааст, ки дар авроқи кутуби «Танбӯри дилкаш» (1968), «Сапедадам» (1972), «Парвози Шоҳин» (1981), романи «Ситорае дар тирашаб» (1983), «На ситораҳо мерезанд» (1990), драмаи «Бахт чист» (Театри давлатии русии Тоҷикистон ба номи В. Маяковский, 1978) ва ғ. мунташир гардидаанд.

Дар заминаи романи «Ситорае дар тирашаб» филми ҳунарии ҳамном бардошта шудааст («Тоҷикфилм», 1971), ки дар он рӯзгори ибратбахши Аҳмади Дониш таҷассум ёфтааст.

Ҳамчунин, муаллифи китоби ёддоштии «Самарқанднома» (2002) ва рисолаи этнографӣ-диалектологии «Мухтасари таърих ва луғатномаи забони форсии тоҷикии Самарқанд» мебошад.

Маҷмӯаҳои қиссаву ҳикояҳои ӯ дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ чоп шудаанд. Худаш асарҳои «Арафа» ва «Қайдҳои сайёд»-и И. Тургенев, «Рӯзи охирини маҳбус»-и В. Ҳюго ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1990).

Муассиси «Анҷумани Иқбол» (Душанбе).

Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

4 апрели соли 2010 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37