• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Шарифҷон Ҳусейнзода 10-апрели соли 1907 дар шаҳри Конибодом ба дунё омад.

Соли 1926, айёме, ки 19 сол дошт, омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Бокуро хатм кард. Дар бистучорсолагӣ  факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии осиёимиёнагиро ба анҷом арсонд ва муддате дар ҳамин донишгоҳ дарс гуфтааст. То соли 1932 ассистенти кафедраи филологияи Эрони ҳамин донишгоҳ буд. Соли 1935 аспирантураи Донишгоҳи забон ва адабиёти Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1932-43 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи педагогии Душанбе; солҳои 1943-1947 директори Институти таърих, забон, адабиёт ва археологияи бахши Тоҷикистони АФ  СССР;  солҳои 1948-1958 мудири сектори адабиёти Институти забон ва адабиёти  АФ РСС Тоҷикистон; солҳои 1962-84 мудири кафедраи таърихи адабиёти классики тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли  1982 ба дарёфти унвони ифтихори профессор, ҷоизаи адабии давлатии Рўдакӣ, унвони Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Нахустин мақолаҳои адабиётшиносии ў ба соли 1925 мансубанд. Сипас як силсила мақолаҳояш оиди таърихи адабиёти классикию советии тоҷик, назарияи адабиёт, анъана ва робитаҳои адабӣ солҳои сиюм дар матбуоти тоҷик ба табъ расидаанд. Бо чанд нишон ва ифтихорномаҳои ҳукумати замон мукофотонида шудааст. Аз соли 1947 узви ИН буд.

20-декабри соли 1988 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved