• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

10ХУРШЕДА ОТАХОНОВА 2 сентябри соли 1932 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Cоли 1948, баъди хатми мактаби занонаи №10 ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1953 бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 1953 вориди аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шуда, баъди хатми он дар ҳамин институт аввал ба сифати ходими хурди илмӣ, баъдан ходими калони илмӣ, аз соли 1971 ба ҳайси мудири шуъбаи мероси адабӣ (баъдтар матншиносӣ ва нашри осор), аз соли 2003 то 2009 мудири шуъбаи адабиёти муосири тоҷик машғули фаъолияти илмӣ будааст. Ҳоло сарходими илмии пажӯҳишгоҳи мазкур аст.

Аввалҳо шеъру ҳикоя менавишт, ки дар матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.

Фаъолияти илмии Хуршеда Отахонова аз солҳои 50-уми асри XX оғоз ёфтааст. Соли 1963 таҳти роҳбарии академик Абулғанӣ Мирзоев дар мавзӯи «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» рисолаи номзадӣ навишта бомуваффақият дифоъ кардааст. Соли 1962 бо ҳамин ном монографияи ӯ аз чоп баромадааст. Навиштаҳои минбаъдаи ӯ дар китобу монографияҳои «Падидаҳои навҷӯӣ» (1972), «Аз рӯи меҳр меҳр» (1982), «Пайванди ҳис ва андеша» (1982), «Абулқосим Лоҳутӣ» (дар ҳаммуаллифии А. Абдуманнонов ва Ҳ. Шодиқулов; (1987), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик» (1999), «Чеҳраҳои шинохта», (2004), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (2010) ҷамъбаст шудаанд. Инчунин, барои ҷилдҳои чорум ва шашуми «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» (Маскав, 1972, 1974) оид ба адабиёти муосири тоҷик тадқиқот навиштааст.

Соли 1983 китоби ӯ таҳти унвони «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» ба табъ расидааст. Дар ҳамин мавзӯъ соли 1984 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Дар ҷумҳурӣ нахустин бор аз тарафи ӯ равияи тозаи таҳия ва нашри илмии академии осори классикони адабиёти муосири тоҷик ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, нашри Куллиёти Абулқосим Лоҳутӣ дар 8 ҷилд пешбинӣ шудааст, ки ҷилди якуми он дар ҳаммуаллифии Ҷ. Шарифов (1987) ба табъ расидааст. Нашри дувуми такмилёфтаи ду ҷилди аввали он соли 2014 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид. Ҷилди дувуми он соли 2010 интишор ёфта буд.

Аз китобҳои пурарзиши ин силсила куллиёти илмии осори Пайрав Сулаймонӣ (дар ду ҷилд), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (2004) ва «Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ»-ро номбар кардан мумкин аст.

Дар таҳияи маҷмӯаҳои «Ёдбуди Лоҳутӣ» (1974), «Васлгари дилҳо» (дар бораи Мирзо Турсунзода (1981), «Мунтахабот»-и Муҳаммадҷон Раҳимӣ (ҷ. 1-2; 1981), «Куллиёт»-и Мирзо Турсунзода (ҷ. 4; 1985), «Куллиёт»-и Абдусалом Деҳотӣ (ҷ. 1; 1965) ва ғ. ширкат варзидааст.

Китобҳои ӯ «Зебоии ҳаёт ва зебоии инсон», «Ҳусни инсон» то имрӯз се маротиба (1972, 1975, 1984) чоп шудаанд.

Солҳои 1992 ва 2011 қиссаи ҳуҷҷатии шарҳиҳолии ӯ «Дил мехоҳад, ки гӯяму гирям» дастраси хонандагон гардидааст.

Соли 1991 узви вобаста, соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Сазовори унвони фахрии «Ходими шоистаи илмии Тоҷикистон» (1994), медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1960) ва «Барои меҳнати шуҷоатмандона» (1970) гардонида шудааст.

15 майи соли 2007 сазовори ҷайиза ва унвони «Олимаи соли 2006» гаштааст.

Барандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ (2012).

Аз соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved