• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

07АБДУНАБӢ САТТОРЗОДА 27 феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) идома додааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1963 дар донишгоҳи номбурда ба ҳайси коршинос оғоз бахшида, баъдан, то соли 1993, аспирант, омӯзгор ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик будааст. Дар ин фосила, муддате, мудири шуъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», докторанти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ю. Ломоносов (1979-1980) ва устоди Пуҳантуни Кобул (1985-1987) ҳам будааст. Муддате дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ кардааст.

Моҳи марти соли 1999 муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъин гардида, то январи 2006 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Соҳиби рутбаи дипломатии кордори фавқулоъода ва мухтори дараҷаи аввал ва рутбаи тахассусии мушовири давлатист.

Доктори илмҳои филология, профессор.

Дар айни ҳол сардори шуъбаи таърихи адабиёт ва нашри осори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, раиси Бунёди байналмилалии «Рудакӣ» ва раиси Шӯрои нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Таҳқиқоти мутаадиди илмию адабияш дар риштаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихи дипломатияи миллӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ сурат гирифта, то имрӯз 15 китобу рисола ва беш аз 400 мақолаи ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, ва ғ. дар Душанбе, Маскав, Киев, Теҳрон, Тошканд, Боку, Степанакарт, Берлин, Токио, Лондон, Осло, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Қарочӣ, Алмаато, Бишкек, Кобул ва ғ. чоп шудаанд.

Китобу маҷмӯаҳои Абдунабӣ Сатторзода «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ» (1975), «Нуқтаи пайванд. Баъзе масъалаҳои инкишофи шеъру нақди адабӣ» (1982), «Нақди адабӣ» (дар ҳамкорӣ бо Абдулқайюми Қавим, Асадулло Ҳабиб ва Латифи Нозимӣ; Кобул, (1987), «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX-XVвв» (2002), «Кӯҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон» (2004), «Дипломатияи муосири тоҷик» (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; 2006), «Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 8» (2009), «Баёзи адабиёт» (барои хонандагони синфи 8) (2010), «Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010)» (дар ҳамқаламии Муҳаммадато Султонов; 2010), «Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ (дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён)» (2011), «Дипломусии муосири Тоҷикистон» (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; Кобул, 2013), «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (2013) ва ғ. аз биҳин намунаҳои тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон ва саҳми назаррасе дар пешрафти адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фарҳангшиносии тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Ду нашри «Чаҳор китоб» (Душанбе, 1990; Маскав, 1991), ки аз ҷониби номбурда таҳия гардидааст, ҳиссаи сазоворе дар тарбияти ахлоқи ҳамзамононамон мебошад.

Ҳар асару мақолаи Абдунабӣ Сатторзода ба таҳқиқу баррасии ягон мавзӯъу масъалаи муҳимму мубрами адабиёти тоҷик ихтисос ёфта, ба ҳадди аҳсан анҷом дода шудаанд. «Истифода аз дастовардаҳои илмии профессор Абдунабӣ Сатторзода, бидуни шак, адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосири тоҷикро комилтару гиротар гардонида, ба таҳлилу тан қиди адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносии муосир боис мегардад. Самара ва дурнамои онро мо дар мисоли таълифоти танқидии худи муаллиф оид ба раванди адабии имрӯза мушоҳида мекунем. Донистани назариёти адабии миллӣ ба вай имкон додааст, ки ҳусну қубҳ ва худвижагиҳои адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо ва қонунмандиҳои нотакрори инкишофи онро ба хубӣ ошкор созад» (Муҳаммадҷон Шакурӣ).

Хидматҳое, ки Абдунабӣ Сатторзода дар соҳаи нашру таҳрири мероси адабии бузургони гузаштаву имрӯзаи миллат, тарҷумаҳои гуногуни илмию бадеӣ, тарбияи иддаи зиёди донишҷӯю аспиранту докторантон ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба харҷ додааст, бар иловаи хадамоти дигараш, арзандаи таҳсину таъкиданд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, дорандаи ордени «Шараф».

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37