• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

06АСАДУЛЛОҲИ САЪДУЛЛО 22 сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги ноҳияи Кофарниҳон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан корманди телевизиони тоҷик, хабарнигори рӯзномаи «Маориф ва маданият», корманди масъули рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будааст.

Доктори илмҳои филология (1996), профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи реклама ва матбуоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мебошад.

Ҳикоя, очерк ва асарҳои илмӣ менависад. Муаллифи 30 китоби дарсӣ, илмӣ ва бадеӣ-публитсистист. «Хосияти адабиёт», «Ба ёди дӯстон», «Бомдоди шубоб», «Рангҳои зиндагӣ», «Наҷвои наҷотофарин», «Уфуқҳои публитсистика», «Эссе», «Очерк», «Афғонистон» – инқилоби ғайриинтизор» ва маҷмӯаҳои «Адибони советӣ дар мубориза барои сулҳ» (1977), «Ҳамосаи воқеъии кору пайкори қаҳрамон» (Кобул, 1986), «Дарё равон аст» (1985), «Бозсозӣ – оини худсозӣ» (1991), «Публитсистикаи Мирзо Турсунзода» (1986), «Занг аз оҳан хезаду боз оҳанро хурад» (1990), «Достони мардӣ ва шуҷоат» (Кобул,1987) ва ғ. мебошад.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон.

Бо медалҳо ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон мукофонида шудааст.

Аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37