• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

05АМИРБЕК ҲАБИБОВ 5 майи соли 1916 дар деҳаи Ринди ноҳияи Ишкошими ВМКБ таваллуд ёфтааст.

Солҳои 1926-1930 дар мактаби ибтидоӣ, солҳои 1930-1932 дар мактаби миёна таҳсил карда, солҳои 1932-1936 муаллими мактабҳои ибтидоӣ, солҳои 1936-1938 котиби аввали кумитаи ноҳиявии комсомол будааст. Соли 1939 мактаби яксолаи методистони маорифро дар Душанбе тамом карда, соле вазифаи методистии шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошимро бар уҳда доштааст. Солҳои 1940-1941 мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоъии кумиҷроия, соли 1942 мудири шуъбаи ташкилии Комитаи ҳизбии ноҳия таъинаш кардаанд. Соли 1947 мактаби дусолаи ҳизбии Душанберо ба итмом расонда, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи хӯрокворӣ таъин шудааст ва то соли 1952 дар ҳамин вазифа кор карда, ҳамон сол донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон шудааст. Мактаби олиро соли 1957 ба фарҷом расонда, дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ РСС Тоҷикистон ба кор пардохтааст. Баъдан, аз соли 1958 то 1992, дар Институти навтаъсиси шарқшиносӣ ба сифати ходими хурду калони илмӣ кор кардааст. Аз соли 1992 то дами фавташ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият бурдааст.

Ному осори шоирони як идда номаълуми тоҷикро ба воситаи китобҳои «Ганҷи парешон» (1984), «Ганҷи зарафшон» (1984), «Аз ганҷинаи адабии шоирони Ҳисор» (1995), «Ашъори шоир Исо-Махдум», «Махфии Бадахшонӣ», «Муллоёри Ванҷӣ», «Носири Бухороӣ» ва ғ. зинда гардонида, чанд маҷмӯаву баёзи дигари рубоиёту чистонҳоро пешкаши хонандагон намудааст.

 Доктори илми филология. (1990), «Ходими шоистаи илми Тоҷикистон» (1996).

Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

27 ноябри соли 1998 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37