• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

03ХОЛМУРОД ШАРИФОВ 12 феврали соли 1927 дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолияш хонадонашон ба Водии Вахш кӯч бастааст. Солҳои 1937-1938 дар хонаи бачагони Вахш тарбият гирифта, фаъолияти меҳнатияшро аз 15-солагӣ дар ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтари вилояти Хатлон) сар карда, то соли 1946 ба сифати узви колхоз фаъолият доштааст. Солҳои 1946-1955 дар созмонҳои комсомолии водиҳои Вахшу Ҳисору Қаротегин адои вазифа карда, сипас корманди мақомоти давлатӣ, ҳамзамон, сардори ситоди сохтмони Канали Марғедар (дар Панҷакент) будааст. Солҳои 1960-1963 дар Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ КПСС (Маскав) таҳсил карда, ба гирифтани унвони илмии номзади илмҳои фалсафа нойил гардидааст.

Баъдан ҷонишини мудири Шуъбаи идеологияи КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири Шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, раиси Кумитаи давлатии матбуоти Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11) будааст.

Солҳои 1990-2002 раисии Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар уҳда дошт

Маҳсули илмии Холмурод Шарифов дар китобҳои «Меҳнати ҷамъиятӣ ва инкишофи шахсият» (1962), «Техника. Труд. Человек» (дар китоби «Труд как фактор развития личности»; Маскав, 1963), «Ташаккули одами нав» (1965), «Социалистическая культура таджикского народа» (1974), «Омилҳои педагогӣ ва психологии кори ҳизбӣ-сиёсӣ» (1971) ва ғ. ба табъ расидааст. Хусусан, асари «Бунёди маънавии одами нав» (1977, 1984) аз тарафи ҳамагон хуш пазируфта шудааст. Бисёр навиштаҳои публитсистии ӯ дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ чоп шудаанд.

Солҳои охир чун нависанда, публитсист, санъатшинос ва хотиранигор шуғл меварзад. Асарҳои ӯ «Гард дар мижгон» (1972), «Нақши хотир» (1988), «Зов памяти» (1989), «Рози дил» (1991), «Оламафрӯзон» (1992), «Сарнавишт» (1994), «Алтернатуф» (2001), «Ахтарони фарҳанг» (2002), «Меҳрнома» (2004), «Ҷаҳони Марям Исоева» (2011), «На звездном празднике столетья» (2014) ва ғ. дар инкишофи жанри очерку портрету ҳикоя, хусусан, сафарномаву ёддоштнависӣ дар адабиёти тоҷик саҳм гузоштааст.

Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ», ва медалу ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37