• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

02БАҲРОМИ ШЕРМУҲАММАДИЁН 10 декабри соли 1934 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1957 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар шуъбаи фарҳанги мардумии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабудуллоҳи Рӯдакӣ ходими илмӣ будааст.

Доктори илми филология (1988), профессор (1993), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Омӯзиши фарҳанги мардум аз шуғлҳои асосии ӯ буда, нахустин мақолаву гузоришоташ аз ибтидои солҳои 50-ум дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд.

Маҷмӯаҳои қиссаву таронаҳои мардумӣ – «Дарвоза нигин дорад» (1961), «Баҳори лолазор омад» (ҳамроҳи Р. Аҳмадов), «Гунҷишкаки мӯзасурхак», «Як лаълӣ марҷон», «Сандуқчаи зулбиё», «Себи сари пул», «Лелак лелаки Боқӣ», «Бибигамбӯсак», «Кадучаи ғелон» ва ғ. дар бозгӯйӣ ва таҳияи ӯ ба табъ расидаанд.

Нашри илмӣ-оммавии гулчини «Афсонаҳои Самарқанд» (1965), «Таронаҳои Самарқанд» (1966) ва «Фолклори Бухоро» (ҳамроҳи Д. Обидов ва Ҷ. Рабиев) бо заҳмати ӯ сурат гирифтааст.

Дар таҳияи Куллиёти сиҷилдаи фолклори тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Куллиёти чаҳорҷилдаи рубоиёт, Куллиёти дуҷилдаи сурудҳои ғайримаросимӣ, Куллиёти суруду таронаҳои мавсимӣ ва бачагонаи тоҷикӣ бо ширкати фаъолонаи ӯ таҳия шудаанд.

Бо кӯшишу заҳмати ӯ матни «Гӯрғулӣ» таҳия ва тавассути радио шунавонида шудааст. Соли 1988 (ҳамроҳи И. Брагинский ва Ҳ. Назаров) дар Маскав ин ҳамосаи халқиро ба забонҳои аслӣ ва русӣ ба табъ расондааст.

Достони мардумии «Чамбули Мастон» борҳо тавассути радио садо додаст, ки дар ин кор ҳам саҳми ӯ калон будааст.

Дар ҳамкории академик Р. Амонов ҷилди чаҳоруми «Тазкираи адабиёти бачагона. Эҷодиёти даҳонакии халқ»-ро таҳия кардааст.

Тадқиқоти чандинсолаи ӯ дар рисолаи «Назми халқии бачагонаи тоҷик» (1973) фароҳам омадааст.

Маҷмӯаҳои «Қиссаҳо аз рӯзгори Фирдавсӣ» (1994), «Ҳафт аллома» (1994), «Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ ва қаҳрамонони «Шоҳнома» (1996, ба форсӣ), «Пирони сухан дар қиссаҳои куҳан» (1998, ба форсӣ; дар ҳамдастии Д. Обидзода)-ро ба табъ расондааст.

Бисёр мақолаву таҳқиқоташ дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ, Афғонистон ва Эрон чоп шудаанд.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

22 июни соли 1998 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37