• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

01РАҲИМ ҲОШИМ 5 октябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1916 мактаби усули навро хатм карда, аз соли 1918 дар мактабҳои навтаъсисе, ки Устод Айнӣ дарс мегуфтанд, таълим гирифтааст. Баъдан донишҷӯи Дорулмуаллимини Самарқанд шуда, таҳсилро дар мактаби русӣ идома додааст. Аз соли 1924 ходими адабии маҷаллаи «Маориф ва ӯқитувчӣ» ва рӯзномаи «Зарафшон», аз соли 1927 муҳаррир ва мутарҷими Нашриёти давлатии Тоҷикистон, аз соли 1926 котиби моҳномаи «Роҳбари дониш» будааст. Соли 1930 ба Душанбе омада, соли 1933 дар Анҷумани якуми нависандагони тоҷик котиби масъул интихоб шудааст.

Ширкатвари Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ (1934) будааст.

Аз соли 1955 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кор кардааст.

Номзади илми филология (1963).

Фаъолияти илмияш аз соли 1928 шурӯъ шуда, нахустин мақолаҳояш дар мавзӯъу масъалаҳои мубрами адабиёт ва забони тоҷикӣ дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шудаанд.

Муаллифи рисолаҳои «Пире, ки ҷавон шудааст» (1973; дар бораи Устод Айнӣ), «Ҳайкали бузурги назм» (1965; дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ), «Ибни Сино», (1975), «Абӯрайҳони Берунӣ» (1980) ва ғ. мебошад.

Соли 1971 китоби ёддоштҳояш «Сухан аз устодон ва дӯстон» ба табъ расид, ки дар он чеҳраҳои эҷодии Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, С. Пайрав, Ҳ. Юсуфӣ, А. Деҳотӣ ва дигаронро мутаҷассим сохтааст.

Дар ҳамқаламии Р. Фиш китоби ҳаёт ва эҷодиёти Устод Айниро навиштааст, ки бо номи «Бо чашми виҷдон» (1978) ба тоҷикӣ ва «Глазами совести» (1979) дар Маскав чоп шудааст.

Дар таҳия ва нашри «Шоҳнома», ашъори М. Баҳор, Фузулӣ, шоирони форсизабони Афғонистон саҳм гузоштааст.

Таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ аз шуғлҳои дигари Раҳим Ҳошим буда, солҳои 1929-1931 китобҳои дарсии «Ҷаҳони нав», «Сохтмони нав», «Китоби қироат», «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои русӣ), «Алифбо» (дар ҳамқаламии В. Любенсов), «Роҳи нав», «Панҷ дар чор» (ҳамроҳи Устод Айнӣ, Пайрав ва В. Любенсов)-ро ба табъ расондааст.

Тарҷумони беназире ҳам буда, романи «Модар» ва ҳикояҳои М. Горкий (1937, 1950, 1969), «Шоҳу гадо»-и М. Твен (1937, 1953, 1957), «Сафар аз Петербург ба Маскав»-и А. Радищев (1949), «Мусиқачии нобино»-и В. Короленко (1949, 1977), «Мсири»-и М. Лермонтов (1948), «Гвардияи ҷавон»-и А. Фадеев (1955, 1969), «Ҳодисаи оддӣ»-и И. Гончаров (1959), «Анна Каренина»-и Л. Толстой (1960), «Чингизхон»-и В. Ян (1962), «Абри ишқ»-и Н. Ҳикмат (1972), «Эзоп»-и Г. Фигейредо (1973), «Чаманоро»-и Р. Нурӣ (1965) ва ғ. аз биҳин тарҷумаҳои ӯ ва адабиёти тоҷик мебошанд.

Дар таҳияи «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1933, таҳти роҳбарии Устод Айнӣ), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат доштааст.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1991).

Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

24 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved