Cуҳбат бо сафир

 Cуҳбат бо сафир

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собириро бо хоҳиши он ҷониб ба ҳузур пазируфт.

Дар бораи вазъу дурнамои муносибатҳои адабӣ миёни ду мамлакат, иштироки адибон дар ҳамоишҳои баландпояи кишварҳои ҳамдигар, ба ҷонибҳо дастрас намудани осори ҷолиби адабӣ суҳбати самимона сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба иштироки адибони тоҷик дар ҳамоиши илмӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Форобӣ, Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Теҳрон ва доир намудани маҳфили фирдавсихонӣ ва маросими муаррифии маҷмуаҳои дар Эрон бачопрасидаи шоирони тоҷик дар Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Дигар хабарҳо