Бахтиёр Муртазо Чинорҳои ёдбуд

Бахтиёр МУРТАЗО

Юлдош ҳам ба монанди падару бобоҳои худ касби бофандагиро меомўхт. Дар зодгоҳаш — қишлоқи Мингичар ба мисли дигар деҳоти диёри мо мардумон он вақт ба алочаю карбоси ў талаботи зиёд доштанд. Аммо инқилоб касби меросии Юлдошро тағйир дод, ба дасти ў дар ивази моку шамшери ҳақиқатҷўи худро супурд.

Аз рўйи баёни таърихнигорони инқилоб сарлашкари бузург Михаил Василевич Фрунзе ба Аркадий Гайдар, ки дар аҳди ҳабдаҳсолагӣ командирн полки таъйиноти махсус шуда буд, чунин гуфтааст: «Дар ёд дошта бош, бача, ин кор фақат дар инқилоб рўй медиҳад».

Оре, чунин воқеоти турфа дар даври инқилоб ба вуқуъ мепайвастанд ва бесабаб нест, ки фарзанди бофанда ҳам силаҳшўри инқилоб шуд.

Ҳамаи ин аз шикори гурги дўлта сар шуд. Дар атрофи деҳаи Мингичар гурги дўлта пайдо шуда, ба чорвои деҳқонон ҳамла меовард.

-Гурги дўлта тездав нест, — нақл мекунад Юлдошкомандир, — вале он бисёр пурзўр мешавад ва ҳар гову барзаговро бемалол меафканад. Бинобар ин, ману амакам Дўст Назаров қарор додем, ки халқро аз ҷабри гурги дўлта халос кунем. «Магар зулми гургони дупо камӣ мекунад, ки боз ба ҷабри гургони чорпо гирифтор шудаем», — гуфт амакам.

Онҳо аз дами субҳ ба шикор рафтанд. Дар доманаи Қаршитоғ камаре буду дар атрофаш луху найчаҳо зич мерустанд.

— Ана ҳамин ҷо макони гурги дўлта аст, камин мегирем,-гуфт Дўстамак,- он ҳар куҷо равад, боз ба ҳамин ҷо баргашта ором мегирад.

Онон то бегоҳӣ аз камингоҳ наҷунбиданд. Тақрибан вақти говгум буд, ки хишир-хишири луху найистон ба гўш расидан гирифт. Дўстамак ба тарафи камар бо диққат дида дўхта, чун сиёҳии гург намудор шуд, онро бо милтиқи пилтагиаш парронд. Гург як тоб хўрду дигар наҷунбид. Гурги дўлтаро ба асп бор карда, сўйи қишлоқ раҳсипор шуданд. Роҳ аз назди бошишгоҳи муваққатии аскарони сурх мегузашт. Ҳамин ки ба бошишгоҳ наздик шуданд, посбонон ононро нигоҳ дошта, командирро ҷеғ заданд.

Юлдош командири аскарони сурх Сотникро мешинохт, ба ў чанд дафъа роҳбаладӣ карда буд. Командир дар рўшноии чароғ Юлдошро шинохта, хушҳол гашту пурсид:

-Дар ин бевақтии шаб аз куҷо меоед? -Аз шикор, рафиқ командир, ин кас амакам мешаванд.

Дар ин вақт амаки Юлдош ба гап ҳамроҳ шуд.

-Аз шикори «Дўлтақурбошӣ» баргаштем, мана бо як тир ҷон дод, — гуфт.

— Дўлтақўрбошӣ? — ҳайрон шуд Сотник.

-Ман бисёр қурбошиҳоро шунидаам, лекин номи инашро бори аввал мешунавам, магар Дўлтақўрбошӣ нав баромадааст? — ба асп наздик омад Сотник ва мурдаи гурги калони бадвоҳимаеро дида, боз мутаҳайиртар шуд.

Баъди шарҳи Дўстамак Сотник қоҳ-қоҳ зада хандид ва ба сайёдони «Дўлтақўрбошӣ» таҳсин хонд.

— Агар ба дасти шумо силоҳи ҳақиқӣ супорем, — гуфт Сотник милтиқи душохаи Дўстамакро аз назар гузаронда,- пас ба шикори Абдуназарқўрбошӣ меравед?

-Чаро наравем? — ҷавоб дод Дўстамак, — ҳам гурги чорпо, ҳам гурги дупо дар хунхорӣ аз якдигар фарқ надоранд, ҳаққи ҳарду ҳам тир хўрдану нобуд шудан аст, то ки халқ оромиш биёбад.

— Дуруст мегўӣ, бародар, — суханони Дўстамакро тақвият дод командир ва илова намуд:

-Агар ба пешниҳоди мо розӣ бошед, ба Душанбе биёед, — Сотник мактубчаро ба Дўстамак дароз кард.

Дар мактубча чунин суханон навишта шуда буданд:

«Сайёдони Дўлтақўрбошӣ» шахсони боэътиборанд. Сотник».

Аскарон ва фидоиён саф ороста буданд. Командири отряд Сотник сафоростагонро муоина кард ва пас аз фосилае фармуд:

-Соҳибназаров, аз саф бароед! Юлдош аз саф баромада, се қадам монду дар рў ба рўйи ҳамсилоҳонаш таври низомӣ истод.

— Шумо аз ҳамин рўз эътиборан фидоии ҳукумати Шўро ҳисоб мешавед. Ватан ба дастатон аслиҳа медиҳад, дар муҳофизати зафарҳои халқи коргар тайёр бошед!

Юлдош ва амаки ў Дўст Назаровро дар дастаи калтакдорони сурхи Саид Ҳаётов навишта буданд.

Командир отрядро ба танаффус ҷавоб дода, Юлдошро ба идорааш ҷеғ зад.

— Медонед, Юлдош, дар отряди мо як қоидаи нонавишта ҳаст. Ҳамин ки ба отряд аъзои нав қабул шуд, ба вай супорише дода, садоқаташро мефаҳмем. Ба шумо ҳам супориш медиҳем, супориши хеле муҳим.

Сотник ба шарҳи супориш шуруъ кард. -Дар қишлоқатон чандин сол пеш аз ин Муҳаббатхон ном эшон гузаштааст, магар шунидаед?

-Бале, — ҷавоб дод Юлдош, — номи ҳазратро шунидаам, — киноя кард ў, -лекин ба хаёлам, аз он зот ягон нишона ҳам намондааст .

— Бисёр хуб, ки аз зоти вай нишона намондааст, ба ман ҳам маҳз ҳамин даркор,- гуфт командир. — Шумо ҳамчун писари ҳамон эшон бояд ба тарафи Вахш равед, як-ду нафар одамони худӣ «муридон»-и шумо мешаванд. Мегўянд, ки дар ҳамон тарафҳо қўрхона ва хазинаи Иброҳимбек воқеъ аст. Вазифаи асосии шумо муайян намудани ҷойи ҳамин қўрхонаю хазина мебошад. Вазифаро фаҳмидед? — ба чашми Юлдош саволомез нигарист командир.

-Фаҳмидам, — андешаманд ҷавоб дод Юлдош.

— Дар бағалатон як-ду китоби куҳна, тасбеҳро андозед, то ки писари эшон буданатон шубҳанок нашавад, — таъкид кард Сотник, — ки шароити маҳал ва хулқу хўи одамони гуногунтоифаро хуб медонист.

-Албатта.

Субҳи рўзи дигар Юлдош бо ду нафар «муридонаш» ба тарафи дарёи Вахш, ба яке аз қишлоқҳое, ки Сотник онро ишора карда буд, раҳсипор шуд. Дар роҳ Юлдош ба иҷрои ин супориши муҳим андеша намуда, салоҳ дид, ки ба назди оҳангари деҳа биравад. Зеро оҳангаре, ки ба аспҳои босмачиён наъл мезад, аз ҳар гапу воқеа хабардор буданаш эҳтимол дошт.

«Муридон»-и Юлдош деҳаҳои хурду калони соҳилҳои Вахшро нағз медонистанд. Бинобар ин, дўкони усто Ҷобири оҳангарро дарҳол ёфтанд. Ба оҳангархона расидан замон «муридон» Юлдошро ба пеш гузаронда, «ҷанобашон марҳамат кунанд, ҷанобашон марҳамат кунанд» гуфтанд. Оҳангар инро шунида, «ягон шахси бузургвор омадааст» гўён ду даст пеши бар ниҳода, аз ҷояш бархост.

«Тири аввал ба нишон расид» аз дил гузаронд Юлдош ва қавируҳ шуда, ба сухан даромад:

— Аз қиблагоҳам ба шумо салом овардам. Он кас фармуданд, ки барои аспашон як ҷўра сулуқ сохта диҳед, ба ҳунари дастонатон эътиқодманд будаанд.

Оҳангар баъди шунидани ин суханон дуру дароз пурсупос карда бошад ҳам, ҳанўз аз чашмонаш ҳисси нобоварӣ намерафт. Сонӣ Юлдош аз бағалаш ҳамёнро баровард ва ба оҳангар насабномаи худро нишон дод. Шубҳаи оҳангар бо дидани насабнома бартараф шуд ва дигар беистиҳола сухан гуфтан гирифт.

— Ҷаноби мири ғозӣ камнамоянд? — дар бораи Иброҳимбек суол кард Юлдош!

-Он кас дар кўҳи Тўпӣ мебошанд, гап- гап ҳаст, ки дар он ҷо кенгош мезадаанд, — гуфт оҳангар. — Устози шофсози моро ҳам талаб кардаанд.

Сонӣ оҳангар аз дасти шогирдаш чилимро гирифта, ба гўши ў чизе гуфт. Шогирд дарҳол аз дўкон рафт. Усто бошад, баъди ду-се бор кашидани чилим тафсида, ба лаққидан даромад. Дар зимни суҳбат Юлдош фаҳмида гирифт, ки қўрхона ва хазина дар кўҳи Тўпӣ воқеъ будааст. «Лекин инро бори дигар санҷидан лозим», хаёл кард ў, «кӣ медонад, гапҳои ин лаққӣ дурустанд ё не».

Дар ҳамин вақт шогирди оҳангар шахси қадбаланди дасторкалонеро ба дўкон ҳидоят кард. Ин одам бойи деҳа буд, ки ҳоло ба дидани «писар»-и эшони Муҳаббатхон омадааст.

— Бойбобо, таоруфӣ кунанд, ин кас эшонзода, — ба бой бо дабдаба муроҷиат намуд оҳангар ва гўё бо ҳамин гуфтан мехост, ки чандон шахси авом нест.

Бой бо «эшонзода» дуру дароз пурсупос карда, сипас ўро ба меҳмонӣ даъват намуд. Меҳмондорӣ бо иззату икроми зиёд давом мекард, ки ба ҳавлии бой босмачиён омаданд. Онҳо аслиҳаашонро аз тан бадар накарда, ба меҳмонхона даромаданд.

— Бойбобо, мири ғозӣ шуморо ба Тўпӣ ҷеғ зада истодаанд, — гуфт яке аз онон ба соҳибхона, — дар он ҷо кенгош мешудааст.

-Ба чашм, — ҷавоб дод бой.

Юлдош баъди ин гуфтугузор боварӣ ҳосил кард, ки қўрхонаю хазинаи душман дар пояи кўҳи Тўпӣ воқест. Рўзи дигар ў сулуқи сохтаи оҳангарро гирифта, ба деҳаи Мингичар баргашт. Дар ин ҷо ўро командир Сотник интизор буд. Отряд аз рўйи маълумоти Юлдош амал карда, қўрхона ва хазинаи душманро ба даст овард.

Хабари дар Мингичар ташкил шудани отряди ихтиёриён ба гўши саркардаи босмачиён Иброҳимбек расид. Ў ба муқобили отряди калтакдорони сурхи Мингичар Абдулназарқўрбоширо фиристод. Вале тўдаи ин қўрбошӣ ба муддати кўтоҳ дар доманаи Қаршитоғи соҳили Кофарниҳон торумор шуд. Баъди ин босмачиён дар пайи таъқиби командири калтакдорони сурх Саид Ҳаётов ва фаъолон Дўст Назарову Юлдош Соҳибназаров афтоданд…

Боре Юлдош барои ёрӣ расондан ба падараш дар ғалладаравӣ ба зодгоҳи худ омад. Досро аз дасти падари солхўрдааш гирифта, гандуми расидаро акнун чанд дарза даравида буд, ки тапар-тапар сум задани аспҳо шунида шуд. Се нафар босмачӣ ба сари ў асп тозонда омаданд.

-Канӣ, пеш даро, кофирбача! — бонг зад яке аз босмачиён, ки Давлат ном дошта, аз деҳоти атроф буд, бинобар ин, Юлдош вайро мешинохт.

Юлдошро пеш андохта, тоз-тозон ба қишлоқи Толӣ, ки аз ин ҷо чандон дур набуд, бурданд. Чун ба бошишгоҳи босмачиён расид, амакаш Дўст Назаровро дар ҳалқаи хунхорон дасту по баста дид. Юлдош амакашро дидан замон рангу рўяш парид, чашмонаш сиёҳӣ заданд.

Амакаш ин ҳоли Юлдошро дарк карда, ба тасаллӣ додан оғоз кард.

— Мард бош, Юлдош, натарс, агар мо имрўз кушта шавем, фардо аз пайи мо садҳо, ҳазорон нафар калтакдорон мехезанд. Хоку туроби ин хоинонро ба бод медиҳанд.

Ин вазъи шуҷоатмандонаи Дўстамак ба руҳи бародарзодаи ҷавонаш таъсир кард.

Пас аз чанде ононро барои истинтоқ ба назди Иброҳимбек бурданд.

— Ҷаноби мири ғозӣ, Дўсткофираш ҳамин, — ба Иброҳимбек муроҷиат кард яке аз қўрбошиҳояш, ки Болтақафқоз ном дошт, — иҷозат диҳанд, ки инро ҳам аз пушти Саид Ҳаёти кофир ба дўзах фиристода, ғозӣ шавам.

-Саросема нашав, — даст афшонд саркардаи босмачиҳо.

Дўстамак кушта шудани командири калтакдорони сурх, ҳамсилоҳаш Саид Ҳаётовро шунида, хеле ғамгин шуд ва аз чашмонаш ашкҳои сўгворӣ равон гаштанд.

— Дидед, ҷаноби мири ғозӣ, чӣ кофири гузарост, ба вафоти он кофираш гиря мекунад, бояд ин ҳам қатл шавад, — даст ба маузераш бурд Болтақафқоз.

-Бале, гиря мекунам. Барои он ки ў ба ман ва ба садҳо, ҳазорон нафар меҳнаткашон азизу муътабар аст. Лекин ба мурдаи шумо, каргасону лошахўрон, касе гиря намекунад.

-Бас кун! — ба паҳлуи Дўстамак як лагад зад Болтақафқоз.

Пас аз фосилае Иброҳимбек ба Дўст Назаров гуфт:

-Магар рост аст, ки ту аз Душанбе аслиҳа оварда, онро ба кофирон додаӣ ва аскарони сурхро ба муқобили лашкари ислом равон кардаӣ?

-Бале, рост! — кўтоҳ ҷавоб дод Дўстамак.

-Дар Душанбе кӣ ба ту аслиҳа дод?

— Намегўям.

— Бигўй, ғами ҷонатро хўр.

-Аз гурги хунхор тамаи саломат надорам.

Болтақафқоз пеш омада:

— Эй кофири бедин, зудтар гўй, ба ҷониби мири ғозӣ бадзабонӣ накун, ки забонатро аз бехаш меканам, — гуфт.

-Ин барои ту мири ғозӣ, барои ман як дузди золимест, — ришханд зад Дўстамак. -Баред инро, — бонг зад Иброҳимбек, — зинда ба зинда бузкашӣ кунед. Ҳар кӣ барорад, якто аспу як ҷўра сарупо медиҳам.

Босмачиён, ин тоифаи гумроҳи хунмаст, Дўстамакро дар пеши назари Юлдош бузкашӣ карданд. Юлдош ба марги амаки меҳрубонаш, ҳамон амакаш, ки ба ў роҳи озодӣ, роҳи зиндагии ҳақиқиро нишон дода буд, зор-зор мегирист. Ў ба ҳоли гирён дар дил савганд ёд мекард, ки агар аз вартаи марг раҳоӣ ёбад, то як гардид. Як қисми даста бо сардории Сотник дар бошишгоҳ монда, тирандозӣ мекарду қисми дигар бо роҳбарии Юлдошкомандир ба хуҷуми ҷавобӣ гузашт. Дар доманаи кўҳ ҷанги сахти шамшерзанӣ воқеъ гардид.

Дар яке аз пайраҳаи кўҳӣ Юлдошко- мандир бо Болтақафқози қотил рў ба рў шуд. Вақте ки Юлдошкомандир башараи шуми ин душманро дид, манзараи қатли ваҳшиёнаи амакаш пеши чашмонаш падид омад. Тамоми пайкари Юлдошкомандирро оташи қаҳру ғазаб фаро гирифта буд. Ў дар дилаш қудрати зиёде ҳис мекард, дар дастону бозувонаш, тамоми вуҷудаш гўё қудрати Саид Ҳаётов, Дўстамак ҷамъ омада буданд. Ў бо шўру шарари саршор душманро дарёб карда, бар сараш шамшери интиқомҷўро фурў зад. Ба лаҳзае ҷисми беҷони қотил ба зери пойи аспон сарозер афтод…

Ҷанг ду рўз давом кард. Гурўҳҳои Юлдошкомандир ва Сотник чандин ҳамлаҳои босмачиёнро зада гардонданд. Лекин шумораи ғоратгарон хеле зиёд буд. Онҳо баъди як ҳамла боз аз ғору пуштаҳо хазида баромада, ба ҳамлаи дигар мегузаштанд.

Рўзи сеюми ҷанг аз дастаи Ҳисору Даҳанакии аскарони сурх ба ёрӣ омада, якҷоя босмачиёнро тамоман торумор карданд…

Боре Юлдошкомандир бо ду-се нафар фидоиёни дастаи худ баъди иҷрои супориш аз деҳаи Чагами Ғозималик мегузашт. Дар канораи деҳа ў аспашро об дода, акнун савор шуданӣ буд, ки аз паси харсанге нолаи ҷонкоҳеро шунид. Юлдошкомандир дар ҳол ба Нур Мирзоев супурд, ки аз вазъият хабар гирад.

-Командир, босмачиён дасту пойи як бачаро куллук карда партофтаанд,-гуфт Нур тозон омада.

Юлдошкомандир бо ҳамроҳони худ ба қафои харсанг гузашта, манзараи мудҳишеро дид. Бачаи бо даступои баста ва сару рўйи хуншор ба худ печида мехобид. Нўги шамшери командир дасту пойи бачаро аз банду расани душманон раҳо кард. Фидоиён пайкари бачаро молиш дода, ўро эҳтиёткорона ба рўйи зин гирифтанд. Онҳо дар роҳ фаҳмиданд, ки ў аз ҳамин деҳаи Чагам будаасту Санг ном доштааст.

— Падарам Пирназар-батрак ба аспҳои Аскарони Сурх саисӣ мекард,- бо чашмони пурнам нақл менамуд Санг, — ба онҳо озуқа ҷамъ карда медод. Инро дастаҳои Бобоҷонқўрбошӣ шунида, чанде пеш ба қишлоқ омаданд ва дар назари халқ падарамро куштанд, — гиря гулўгираш мекард,- модарамро ҳамроҳашон бурданд…

-Ҳукумати мо сағирпарвар аст, — тасаллӣ медод Юлдошкомандир, — туро зери қаноташ мегирад, ҳамроҳи мо аз душманонат қасос меситонӣ.

Ба ҳамин васила Санг Пирназаров ба гарнизони Аскарони Сурх ва фидоиён омад. Ў мисли падараш ба аспҳои наҷотдиҳандагони худ нигоҳубин мекард.

Баъди барҳам додани ҳаракати босмачиён Санг ба деҳқонӣ пардохт. Ў дар собиқ колхози «Партизан»-и ноҳияи Ленин фаъолона меҳнат мекард.

Вақте ки урдуи фашист ба Ватани ҷоноҷони мо аҳдшиканона ҳуҷум овард, Санг аз ҷумлаи аввалинҳо ба фронт рафта, қаҳрамонона ҷангид. Вай аз майдони ҷанг ба падархондаш Юлдошкомандир мактубҳо менавишт. Санг дар соли нахустини ҷанги хонумонсўз барои мудофиаи пойтахти азизи мамлакатамон шаҳри Москва ҷони худро қурбон намуд. Ҳамсилоҳони Санг нишони Ситораи Сурхи ўро баъди фавташ ба Тоҷикистон, ба падархонди аскари қаҳрамон — Юлдошкомандир Соҳибназаров фиристоданд.

…Дар деҳаи Сарикиштии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Ленин роҳи хонаи Юлдошкомандир Соҳибназаровро ба мо зуд нишон доданд. Сокинони хурду калони деҳа командири солхўрдаро мешинохтанд.

— Бо ҳамин кўча рафтан гиред, — гуфт ба мо бачаи наврасе, ки дар дасташ сумка дошту ба мактаб мерафт,- ин кўчаро кўчаи Командиробод меноманд,- илова намуд ў,- ҳамин ки ба ҳавлии серчинор расидед, ҳамон ҳавлии командирбобост.

Командир-боборо аз хонаи ҳамсоя ҷеғ зада оварданд.

— Дар хона зиқ нашавам гуфта, ба ҳашари шоликўбӣ рафта будам,- бо табассум мегўяд Юлдошкомандир. Дар абрувон, мижгон ва торҳои бурути ў гарду ғубори хирмани шолӣ нишастааст.

Чи тавре ки мактаббача гуфт, дар ҳақиқат саҳни ҳавлии командирбобо пур аз чинорҳои сар ба фалаккашида будааст. Як-ду… чор… ҳашт. Ҳама чинорони хонаи командирбобо чун аскарони сафбаста ба як низом қатор истодаанд, гўё хонаи командирашонро бо садоқат посбонӣ мекунанд.

— Ин чинорҳоро ба хотираи ҳамсилоҳонам, дўстони дар муҳорибаҳо қурбоншудаи худ шинондаам, — мегўяд Юлдошко- мандир. Ана, ин чинори котиби ташкилоти комсомолии дастаамон Нур Мирзоев,- ба дарахти дар назди дарвоза қад барафрохта ишора мекунад Юлдошкомандир. — Инаш, чинори Ёр Солеҳов, — дарахти лаби ҷўйборро нишон медиҳад ў. — Ёр дар даста номабар буд. Ўро Бобоҷонқўрбошӣ куштааст. Чинори генерал Берзарин. Чинори дигар — чинори Қувондиқ Тошев. Қувондиқ марди хеле ҷасур буд. Ў соли 1924 дар ҷанги тан ба тан бо Асадуллоқўрбошӣ ғолиб омада, аз ин душмани золим хуни мазлумонро ситонд.

Чинорҳо, чинорҳои ёдбуде, ки хонаи командир-боборо иҳота кардаанд. Инҳо нишонаҳои зиндаи дўстони ўянд. Командирбобо ҳамеша дар ҳалқаи дўстон аст, вай бо дўстони хеш ҷовид аст!

Мо бо зинапояи чўбин ба хонае ворид мешавем.

— Ин хона-осорхона аст, хона-осорхонаи ҳамсилоҳонам, — шарҳ медиҳад командир.

Дар ҳақиқат ин хона ба осорхона шабоҳат дорад. Бари деворҳои он пур аз суратҳои дўстону ҳамсилоҳони Юлдошко- мандир аст. Дар ин ҷо мо суратҳои командири дивизия Шайнак, генерал-полковник Берзарин, калтакдорони сурх Қувондиқ Тошев, Нур Мирзоевро мебннем.

Дар мобайни хона мизи мураббае гузошта шудааст, ки рўйи он бо ҳуҷҷатҳои нодир, китобу рисолаҳои ба муборизони роҳи озодӣ бахшида моломол мебошад.

-Фақат ҳамин ҳуҷҷатҳо, — Юлдош-командир чузъдонеро ба даст мегирад,-аз сўхтори соли сиву ҳафт эмин монданд.

…Як шаби тори ҳамон сол боқимондаҳои душманони халқ дар қафои дари хонаи Юлдошкомандир санг чида, аз чор тарафи хонааш оташ мезананд. Вақте Юлдошкомандир аз хоб бедор мешавад, оташ аллакай дар гирдогирди хона забона мезад. Командир ҳамсарашро зуд аз хоб бедор мекунаду ба дасташ таппончаи худро дода мегўяд:

— Дар беруни ҳавлӣ баромада ист, ҳар одами ношиносу шубҳанок биёяд, натарсида паррондан гир, ман худам ҷавобашро медиҳам.

Юлдошкомандир бачаҳояшро аз оташ халос мекунад, чизу чораи хонаро берун мекашад. Ҳамсараш Роҳилаапа бошад, дар даст таппончаро дошта, ононро посбонӣ мекунад.

— Аз ҳуҷҷатҳо фақат ҳаминро баро- варда будам, ки вассаю дастакҳои хона сўхта афтоданд, — нақл мекунад Юлдо- шкомандир. — Агар ҳамсарам ҳамин хел ҳушёр намебуд, ягон чизро ҳам халос карда намешуд. Роҳила барои ман ра-фиқи ҷангӣ буд, ҳамаи навъҳои пулемёту милтиқҳоро истифода карда метавонист, — сурати Роҳилаапа Довудоваро нишон медиҳад командири солхўрда ва аз ҳаяҷон овози ў андаке меларзад.

Дар пешгаҳи хона рўйи курсӣ зину афзоли асп гузошта шудааст, ҳамон зину афзоле, ки соҳиби он солҳои зиёде дар ҷангу сафарҳо онро ба аспаш задааст. Дар як гўша шамшеру таппончаи командир бари девор ҳамоиланд, ки ба ў туҳфаи номнавис мебошанд.

-Агар навиштанӣ бошед, дар бораи Қарохон Сардоров нависед, — қайд мекунад Юлдошкомандир аз рўйи одат бо хоксорӣ ва дар хусуси худаш чизе намегўяд, дар забонаш фақат сифати дўстонаш аст. — Дар байни мо, команди- рони калтакдорони сурх мисли ў одами дилаш бутун дигар набуд. Агар душман ба сари синааш мили панҷтираро равон кунад ҳам, аз раъяш намегашт. Аз зоти шермардон буд…

Ба ҳамин васила ин марди фурўтани дарёдил дўстони худро ситоиш мекарду ҳарфе ҳам намегуфт, ки ҳанўз соли бисту нўҳ барои корнамоиҳои ҷангиаш сазовори нишони Ленин шудааст. Сонитар, ба нишонҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи якум), «Нишони фахрӣ», Инқилоби Октябр ва чандин медалу грамотаҳо сазовор гаштааст. Аз калтакдори сурх то ба дараҷаи ҷонишини раиси Комитети иҷроияи вилоят расидааст.

-Ҳамаи инҳо ба шарофати Инқило- би Октябр, — мегўяд Юлдошкомандир Соҳибназаров,- ҳақ аст шоир, ки гуфтааст: «Ҳеҷро ҳар чиз кардӣ, зинда бош, эй инқилоб!»

…Соли ҳафтоду панҷ дар ҷаласаи ботантанаи комитети марказии комсомоли ҷумҳурӣ як лаҳзаи ҳаяҷонбахш аз ёди иштироккунандагони ин анҷуман ҳаргиз сутурда намешавад. Вақте ки котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон Усмон Ғаниевич Усмонов арз намуд:

-Ҳоло сухан ба Юлдошкомандир Соҳибназарови машҳур дода мешавад! — Чашмони ҳозирон ба ин марди солхўрдаи нуронӣ дўхта шуданд.

Юлдошкомандир дар назди роҳба- рони ҷаласа аслиҳаи инқилобии худ — шамшерро дар рўйи дастонаш ниҳода, сари зонувон истод ва бо ин чор ҷумла ба ҳозирон муроҷиат кард:

— Фарзандонам, панҷоҳ сол боз ин аслиҳа ҳамроҳи ман аст. Бо он ман ба муқобили душманони хунхор муборизаҳои шадид бурдаам. Имрўз онро ба дастони боэътимоди шумо месупорам. Агар зарур ояд, бо ин шамшер хоки Ватанро муҳофизат кунед!…

Дигар хабарҳо