Тасвири масоили ҳаёти иҷтимоӣ дар романи “Ишқи Сархўр”

Дар асари Кароматуллоҳи Мирзо «Ишқи Сархўр» тақдири инсони муосир тавассути бархўрдҳои иҷтимоӣ ва низоъҳои зиндагӣ бо услуби моҷароӣ ба силки тасвир кашида шудааст. Нависанда дар таълифи асари иҷтимоӣ ҳамчун пажуҳишгар, сиёсатмадор муносибат карда, ба ҳаводиси наве, ки дар ҷомеа ба миён меояд, бодиққат назар афканда, мафҳум, моҳият ва масъалаҳои ҷомеаро дар дарунмояи ин навъи асар корбаст кардааст. Агар мавзуи асосии романи «Дар орзуи падар» тасвири зиндагии як оила дар муҳити иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосир, хоссатан моҷароҳои заношўӣ, муаммоҳои хонаводагӣ ва тақдири фарзандон хеле муассиру боварибахш бошад, дар романи “Ишқи Сархўр” моҷарои якчанд оила, муаммои чанд масоили марбут ба зиндагии замони муосир тавъам баррасӣ шудааст.

Сарчашмаи асосии сужети романи “Ишқи Сархўр” ҳаёт аст. Нависанда аксарияти ҳаводис ва образҳои офаридашударо дар зиндагӣ мушоҳида намуда, дар худ дарк карда, ба силки тасвир мекашад. Дар меҳвари асар тақдири бачаи кўчак, тавъам бо саргузашти образҳои роман, инъикос шудааст. Сарнавишт ба қаҳрамони марказӣ Исфандиёр, бо лақаби Сархўр, аз даврони туфулият имтиҳонҳои зиёди зиндагиро пешорў кард. “Кўдаке шуда, ки баъди тавлидаш ин қадар бесарусомонӣ, саргардонӣ, мотам. Ў бепою қадам, сархўр, ҳатто як-ду зан ўро ба даст гирифтан нахостанд, ҳазар кардаанд, гўё вай бехосият будааст”.

Ҳаводиси иҷтимоӣ як қисми сужетро ташкил карда, натанҳо боиси ошкор шудани воқеияти замон, балки боиси инкишофи образи бадеӣ гардидаанд. Нависанда гарчанде дар замони кўдакӣ Исфандиёрро дар назди аҳли деҳ бачаи “бехосият” ва номуборакқадам тасвир карда бошад, минбаъд пас аз ба воя расидан, ўро дастгиру мададгор ва хидматрасони мардум нишон додааст. Бачаи мададрасон будани ў аз корҳои шоистааш далолат медиҳад.

Нависанда олами ботини қаҳрамонро инъикос намуда, ҳиссиёти пурҳаяҷони вайро ба силки тасвир кашид ва фикру хаёлҳои гуногуни ба сар омадаашро ба қалам дод: танҳо “баъди ҳикояти бобои Ўзбакхоҷа ба Сархўр ном гирифтанаш Исфандиёр тан дод, дигар малол намешуд, ки ўро Сархўр гўянд”.

Табиатан Сархўр бачае буд, ки балову фалокатҳои пешомадаро бартараф мекард. Аҳли деҳа сифати Сархўрро мекарданд, вай ҳамеша дар забони гуфтугўи мардум буд: “бачаи кампири Санам… Сархўр мегўянд, бачаи аҷоибе, мисле, ки ў ягона, дар миёни бачаҳои деҳа ў баринаш набуда.

-Назари Худо ба ў шуда…”

Дар роман чаҳор ҳодисаи фоҷиабор инъикос ёфтааст, ки Сархўр бо чусту чолокӣ, қаҳрамонӣ ва ҳисси инсонпарвариву инсондўстӣ фоҷиаҳои ба сари мардум омадаро бартараф мекунад. Дар мавриди аввал гову гўсолаи бобои Назарро аз марг наҷот медиҳад.

Дар воқеаи дуюм ҳамсинфаш Нигораро аз хонаи оташгирифтаистода мебарорад. Ақлу заковат, кордонӣ ва дар қавлаш устувор будани Сархўр боиси муҳаббати зиёди мардум гашт. Аз нақли модари Нигора духтараш дар алов месўхту ҳеҷ кадоме коре карда наметавонист. Сархўрро Худо аз куҷое расонд. Шунид, ки Нигораи ҳамсинфаш дар даруни алов, девона шуд. «Наход Нигора дар даруни алов мондааст?». Сархўр об пурсид, сатил-сатил обро ба сараш рехта, ҷомаашро ҳам тар кард, онро ба сар кашида, ақиб гашт. «Эй бача, ту чӣ кор карда истодаӣ? Месўзӣ, мемурӣ, пеши роҳашро гирифтанд. Аммо вай ба ҳеҷ кас гўш надода, ба хона, ба даруни алов зада даромад. … Дидем, ки Нигора дар бағал, дар сар то қадами худаш алов, мисли як аловдаста тарафи кўли об шуд. Дидем, ки қариб ягон ҷои Нигора насўхта, аммо худи Сархўр сўхта, чанд рўз дар беморхона хобид».

Дар асар муносибати баланди инсондўстии қаҳрамон нишон дода шудааст. Вай ба монанди дигар ҳамдеҳагон, хоссатан падари духтар, ки бо айби ў сўхтор сар зада буду нависанда бо ин роҳ ҳамаро ҳушдор медиҳад, метавонист фоҷиаро бо чашми сар тамошо кунад, вале ором ба он нигоҳ карда натавонист, дарҳол илоҷи воқеаро ҷуст ва духтарро аз марг наҷот дод. Пас аз ин ҳодиса модар мехоҳад, ки Нигораро ба Сархўр ба занӣ диҳад. Ин дуюмин пешниҳод барои издивоҷи Сархўру духтарони деҳа: Гулзира ва Нигора буд. Сархўр, ки ҷавонмарди инсондўсту некниҳод буд, бо ў ҷуфти муносиб шудани фарзандон орзуву омоли ҳар падару модар гашт.

Ҳамзамон, возеҳ аст, ки осори бадеӣ аз ҳодисаву воқеаҳои ҳаётӣ ба вуҷуд омада, нависанда ба он либоси бадеияту тахайюл пўшонида, ҷузъиёти зиёдеро ворид сохта, чунон устодона ба батни сюжети асар ворид мекунад, ки аксаран аз ҳам ҷудо кардани воқеаҳои асл ва тахайюл имконнопазир аст. Дар иртибот бо гуфтаҳои боло масъалаи таносуби тахайюли бадеӣ ва воқеият ба миён меояд. Танҳо дар сурати дурусту саҳеҳ ҳал кардани ин масъала ба нависанда муяссар мегардад, ки асари бадеии асил ва ҷолибу мондагор эҷод намояд.

Кароматуллоҳи Мирзо проблемаҳои имрўзи зиндагиро, ки баъзан аз беаҳаммиятии ҷавонон содир мешавад, ба силки тасвир кашида, онро дар симои Гулнора — донишҷўи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишон медиҳад. Дар ин маврид низ Сархўр Гулнораро аз қаъри дарёи Кофарниҳон, ки дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, наҷот медиҳад. Нависанда дар ин навбат ҳам таъкид менамояд, ки “дар лаби дарё доду фарёд, одамон тарафи ў медавиданд”, вале илоҷи халосӣ набуд. Баъди дар беморхона ба ҳуш омадан фаҳмид, ки Сархўр аз ҷонаш гузашта, худашро ба дарё андохта, Гулнораро “аз ҷўши дарёи Кофарниҳон” баровардааст. Пас аз ин қаҳрамонӣ “дар он лаҳзаҳо фикре ба сараш омада, ки агар ҷавон мепазируфт, худро садқаи сари ў менамуд”.

Яке аз задухўрдҳои роман, ки дар асоси моҷарои байни Лутфия ва Фахрӣ ба миён меояд, боиси инкишофи сужет мегардад. Садамаҳои дар роман ба вуқўъ пайваста дар атрофи як масъалаи асосӣ “Қарори Ҳукумат дар масъалаи никоҳи байни хешу таборӣ” оғоз гардида, ҳодисаву садамаҳои дигар вобаста ба он ҳал мешаванд. Нависанда таъкид мекунад, ки қарори зикршуда “…як ғамхорӣ, як роҳнамоӣ баҳри одамон аст. Ба замми ин ки тифлон зарар мебинанд, носолим ба дунё меоянд, умре ранҷур, дастнигар, муҳтоҷ…Ин никоҳ гоҳе теша ба решаи хешию таборӣ, апаю хоҳарӣ, акагию додарӣ ҳам мешавад”.

Масъалаи пешгузоштаи нависанда гувоҳӣ аз он медиҳад, ки романи “Ишқи Сархўр” як навъ дастгирӣ нисбати қарори зикрёфтаи ҳукумат ва кушодани масъалаҳои доғи рўз мебошад. Дар дарунмояи асар масоили ҳалталаби ҷомеа бо воқеаву образҳои гуногун тавъам ба миён омадаанд. Агар муаммои дар фавқ зикр кардаи нависанда, яъне аз алов баровардани духтарҳо (дар мисоли Нигора), аз дарё одамро раҳонидан (дар мисоли Гулнора) аз тасодуфан ба амал омадани воқеа ва ё аз беаҳаммиятии бархе одамон дарак диҳад, ба худкушӣ даст задани ҷавонон ва ба ҷони худ ҷабр кардани онҳо яке аз проблемаҳои аввалиндараҷа дар замони муосир мебошад. Муаллифи асар маҳз ҳамин муамморо ба риштаи тасвир кашида, ҷавононро дар роҳи ҳаётдўстиву меҳанпарастӣ ва инсонпарварӣ тарбият карданист, ки намунаи олии он образи Сархўр ба ҳисоб меравад.

Нависанда бо сабку услуби баланди нигорандагӣ қаҳрамониҳои Сархўрро дар мавриди наҷоти Лутфия, ки ба ҷарии Говкушон барои ҷамъ овардани ҳезум рафта буд, аз назари худи қаҳрамон мегузаронад. Дар ин маврид муаллифи асар ғояи баланди инсондўстии Сархўрро нишон дода, манфиатҳои ҷомеаро аз суди шахсии худ боло мондани қаҳрамони марказиро ифода кардааст. Нависанда Сархўри ҷонсахт, “сагҷон”-ро, ки бо машқу тамрин худро дар ҳамин азобҳо тарбият мекард, ба тасвир гирифта, дар баробари он бо амри дил ба ҷо овардани қаҳрамониҳояшро бо дараҷаи баланди нигорандагӣ ба силки тасвир кашидааст.

Муаллиф моҳирона пайванди зиндагии модару писар, яъне Санаму Сархўр, замони аз селоб гузаштани Сархўр ва ба фалокат дучор омадани вайро ба қалам додааст. Маҳз дар ҳамин давра аз назари қаҳрамон мисли навори филм тамоми корнамоиҳояш пеши назар омад:

“Аз қуллаи кўҳ ғелон ҳам гашт, барои гови бо гўсолаи Бобои Назар. Хурд буд, гўсоларо мегирам, гуфту Гулзираро не. Гулзира калон, духтари зебои деҳа шуд. Ҳуши модари Сархўр ба ў кашол, ки келин кунад. Гулзира хандида гуфтааст: “Хола, бачаи шумо Гулзираро не, гўсоларо мегирам, гуфта буд”.

Нигораро аз даруни алов баровард. Аммо ў зангир набуд. Ҳоло ў дар оғўши сел, Сархўрро сел мебарад, то марг як лаҳза, ў бояд зинда монад, бори ғами модар нашавад, ба Лутфия “Меоям, бармегардам” гуфта ваъда дода. Ишқи Сархўр нисбати Лутфия ўро ба марг рў ба рў намуд, вале бачаи дар қўраи зиндагӣ обутоб ёфта аз ин фоҷиаи ба сар омада низ раҳо гашт. Қаҳрамони марказӣ дар вақти ба ҳодисаи шуми накбатовар гирифтор шудан танҳо ду нафарро дар ёд нигоҳ медошт, ки барояш хеле азиз буданд, яке Санам — модараш ва дигаре Лутфия, ки бо як дидан ба дилаш ҷо шуда буд. Маҳз боварӣ ба худ ба вай неруву қудрати аз мусибат баромадан дод.

Романи “Ишқи Сархўр” бузургҳаҷм набошад ҳам, хеле сервоқеа аст, ки дар ҳаводиси рўзгори тасвиршуда шахсиятҳои зиёде иштирок менамоянд. Дар асар масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик ба воситаи воқеаҳои зиёди ҳалталаб ва образҳои гуногуни асар, ки ба як ҳисоб адади умумии онҳо ба 58 нафар мерасанд, бозгў шудааст. Ҳар як образи асар типи муайяни ҷомеа буда, сифат ва хислатҳои шахсии онҳо ба хубӣ зоҳир гаштааст. Образҳои дуюмдараҷа дар роман 43 ададро ташкил медиҳад, ки онҳо ба гурўҳи персонажҳои ёрирасон дохил мешаванд. Онҳо бевосита ё ба воситае дар ҳаёти қаҳрамони марказӣ роли муҳим бозида, барои пурра кардани симои Сархўр хидмат менамоянд. Персонажҳои лаҳзавӣ 13 нафаранд, ки танҳо дар як маврид тасвир шудаанд. Ҳама якҷоя образи халқро ба миён оварда, муаммоҳои пешомадаро бо ҳамдастӣ яке бо дигаре ҳаллу фасл менамоянд. Образҳои асар хатҳои сужетро ба ҳам пайваста, муносибати инсонҳо бозгўкунандаи хислат ва характери онҳо гаштаанд.

Нависанда дар роман натанҳо ҳаводиси зиёди марбут ба ҳаёти одамонро дар ҷомеа корбаст намудааст, балки бо шахсони воқеӣ ҳамсуҳбат ва ҳол- дон гашта, дар тақдири бачагоне, ки дар оилаҳои ба ҷудоӣ афтода тарбият ёфтаанд, бо дарди дил сухан мекунад ва аз қисмати вазнини онҳо ғамзада мегардад.

Образҳои мусбат ва манфӣ қув- ваҳои муайяни ҷомеаро ифода менамоянд. Нависанда бо офаридани образи Санам фарзандонеро, ки аз овони кўдакӣ аз лутфу муҳаббати модар барвақт маҳрум шудаанд, тасвир карда, дар оянда бо азобу уқубат бошад ҳам, ба мурод расидани онҳоро таъкид кардааст. Кароматуллоҳи Мирзо бо эҷоди симои Сархўр, ки ҳамеша дилбару ғамбарори модар буд, ояндаи Санами ҷафодидаро нек арзёбӣ кардааст.

Дар аксар маврид нависанда факту санаду хабари воқеиро чун асос мепазирад ва ба онҳо тағйироту дигаргуниҳо ворид намуда, обу ранги бадеӣ дода, мувофиқи мақсаду нияти эҷодии худ истифода мебарад. Муошиқати Фахриву Муниса, ки духтари вазир аст, дер давом намекунад ва ў ҷавондухтарро дар нимароҳи зиндагӣ мегузорад. Тақдири Муниса дар асар маълум нест, вай дар назди дуроҳаи зиндагӣ истодааст ва аз мазмуни сужет бармеояд, ки монанди Лутфия даст ба худкушӣ заданист.

Муқоисаи қаҳрамонони асар Сархўр бо Фахрии булҳавас дар мавриди Лутфия ва Сархўр бо Фурқати тарсу нисбати Нигора аз тарафи нависанда хуб ба роҳ монда шудааст.

Яке аз вижагиҳои тасвирпардозии Кароматуллоҳи Мирзо дар он аст, ки вай тақдири қаҳрамонони мусбату манфии худро ҳамеша бо тақдири халқ вобаста менамояд. Дар романи “Ишқи Сархўр” образи бадеӣ асоси иҷтимоӣ дошта, хислатҳои халқ дар симои образҳои асар тавъам офарида шудааст.

Тасвири манзараҳои зебои табиат аз тарафи нависанда дилнишин ва фараҳбахш нигошта шуда, қаҳрамонони асар пайваста бо табиати зебои диёр офарида шудаанд. Муаллиф табиати деҳаро бо меҳру муҳаббати хос инъикос намуда, воқеаҳои асарро аксаран дар ду мавзеъ, яке Шоҳмансур ва дигаре деҳаи Сафедоб ба силки тасвир кашидааст. Дар баробари ин ҷуғрофияи асар бузург аст. Масалан, доир ба шаҳри Душанбе, ки аз тарафи муаллиф дар се маврид таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, ба воситаи пайванди образҳо ё воқеаҳои роман нигошта шудааст. Аввалан дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе зистани пайвандони амаки Асадулло, дуюм муайян кардани “Деҳаи Сада ба маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе наздик, 4-5 километр роҳ” ва сеюм доир ба таомулҳо ва қонуниятҳои нонавиштаи деҳаи Сафедоб, ки шахсони аз берун омадаро қабул накардани таҳҷоиҳо мебошад. Маҳз муносибати “таҳҷоиҳо” аз тарафи нависанда ба зери тозиёнаи танқид кашида, шудааст, ки зуҳуроти номатлуби замон ба ноиттифоқию маҳалгароӣ оварда мерасонад ва боиси ба миён омадани ҷангҳои дохилӣ мегардад.

Дар баробари шаҳри Душанбе воба-ста ба ҳаводиси тасвиршуда шаҳрҳои Бухоро, деҳаҳои Нилкону Роҳатӣ, Теппаи Самарқандӣ, Моинкаҷ ва ғайра, аз он ҷумла дарёи Кофарниҳон, кўли Комсомол, сои Меҳтарӣ, мазори Мағмуруд ва кўҳҳои Мағмуруд, Қандӣ ва ҷарии Говкуш, ки воқеаи фоҷиабори асар дар ҳамин мавзеъ рух додааст, нигошта шудааст.

Қаҳрамонони асар узви ҷудонашавандаи табиат ҳастанд, вобаста ба хулқу атвор, рафтору кирдор, ҷаҳонбинӣ, хислат ва рафтори инсон манзараҳои табиат тағйир меёбанд. Табиатро офаридан на фақат ҳодисаву вақоеи манзараофариниро инъикос менамояд, балки муносибати инсонро ба табиат ифода менамояд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат тасвирҳои табиат ба инсон таъсирбахшанд.

Услуби роман сар то по ҳамосавӣ – эпикӣ, объективӣ мебошад, ҳарчанд ки нависанда гоҳ-гоҳ саҳнаҳои драмавиро, бо усули драмавӣ – муколамаи бе тафсилу тафсири қаҳрамонон ва монологҳои лирикӣ, инъикос намояд, аз рамзу самбул, тасвирҳои шартӣ, манзараҳои моҷарописандӣ ва амсоли инҳо низ истифода мебарад.

Воҳидҳои фразеологӣ дар романи “Ишқи Сархўр” вобаста ба зиндагӣ, урфу одат, ҷаҳонбинӣ ва ақлу заковати мардум пайдо мешаванд. Дар онҳо зимни мафҳуме як лавҳаи рўзгор, сабақи зиндагӣ, муносибат ва таассуроти нек ё бад инъикос ёфтааст. Аз ҳамин сабаб маънӣ дар воҳидҳои фразеологӣ хеле нозук, пўшида, вале басо рангин ва пурҷозиба ифода меёбад.

Дар романи Кароматуллоҳи Мирзо “Ишқи Сархўр” истифодаи рамзу самбул низ яке аз вижагиҳои услубӣ ба шумор меоянд.

Тасвири “моҳи пурра”, “равшании куҳ” ё “ҳама ҷо шир барин сафед шудан” рамзи зафарёбии Сархўр бар мушкилии ба кўҳ баромада, гову гўсолаи Бобои Назарро аз он фаровардан аст. “Маҳтоб мебаромад, моҳи пурра. Кўҳ равшанӣ меёфт, ҳама ҷо шир барин сафед”.

Нависанда дар баробари воқеани- горӣ ва моҷарописандӣ ба кайфият ва ҳолатҳои рўҳию равонии қаҳрамонон ва персонажҳои худ – Сархўр, Лутфия, Нигора, Фахрӣ, Муниса ва дигарон чун одамони андешапарвар ба риштаи тасвир мекашад, ранҷу дардҳои рўҳию равонии онҳоро бештар дар монологҳои ботиниашон нишон медиҳад.

Дар тасвири нависанда ҳаёт гўё сахтҷонии Сархўрро месанҷид. Ҷанги одаму об ва ба дарахти тановари чинор такя намуда, аз селоб баромадани қаҳрамони асар рамзи ғолибият ва музаффариятро нишон медод. Воқеаҳои номатлуб ба мисли ҳалқаҳои сужети ғайримаъмулии роман мебошанд, ки нависанда вазъи сиёсии мамлакатро дар охири солҳои 90-уми садаи ХХ, ҳолу аҳволи мардум, ё ин ки шомилшавии ҷавонони гумроҳшуда ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бо рамзу самбул ифода кардааст: “Чанд лаҳза Сархўр бо айби худаш аз чинор маҳрум монд, рў ба дарахти дигар шуд, ҷазояшро дид, аз карда пушаймон. Ҳоло чинор боз дастгири ў. Аз селроҳа берун, даме озод нафас мекашид… Ҷовидон бимонад чинор, дар решаҳояш саҷда мекунад”.

Дар вазъияти мураккаби зиндагӣ мафҳумҳои одаму одамгарӣ, масъалаҳои некию накукорӣ, меъёрҳои ҳалолию покизагӣ, дарки нангу номус, ченакҳои шараф ва пойдории ахлоқи ҳамидаю одоби писандида дар бархўрд алайҳи бадию зиштӣ, разолату хиёнат, душманию адоват, рашку ҳасад, ҷаҳлу торикӣ ва зулм хосиятҳои тоза кашф намуда, арзишҳои навро ба вуҷуд меоранд. Ба ин иддао намуди тасвирпазирӣ дар насри замони истиқлол дар мисоли романи Кароматуллоҳи Мирзо “Ишқи Сархўр” барҷаста ҳувайдо гардида, симои қаҳрамонҳо, хислату характери онҳо тавъам бо ҳаёти иҷтимоӣ созгор омадааст, ки ҳар як хонанда аз он суди муносиб мебардорад.

Замира Ӯлмасова, профессор

Дигар хабарҳо