Меҳрномаҳои дўстон

 Меҳрномаҳои дўстон

Раҳмат НАЗРӢ

Ба устод Мирсаид Миршакар

Офарин, офарин ба имонаш,

Ки барафрўхт гулхани ҷонаш.

Ў дар ободгоҳи дашти Вахш

Буд аз мардҳои майдонаш.

Аз кафи чангбодҳо бигрифт

Гарди хоки Ватан ба мижгонаш

Канд сарҷў ба ҷўяҳои кишт,

Рехт оби ҷабин ба домонаш.

Аз баҳори ҷавонии ў руст

Донаҳои умеду армонаш.

Гўиё сабз шуд чу дастниҳол

Чўбдасти каланду мисронаш.

То нависад суруди тозаи Вахш,

Найқалам сохт аз найистонаш.

МАҲБУБИ ХАЛҚҲО

Миршакари азиз, Шуморо ба муносибати панҷоҳсолагии рўзи таваллудатон табрик ва муборакбод мекунам. Эҷоди дилписанди Шуморо ғояҳои наҷиби инсондўстӣ, дўстии халқҳо ва муҳаббати беканор нисбат ба созандагони ҳаёти нави хушбахтона фаро гирифтааст. Китобҳои шуморо нафақат хонандагони советӣ, балки берун аз ҳудудҳои мамлакати мо ҳам бо муҳаббати зиёд мутолиа мекунанд.

Шумо фарзанди як миллат, вале маҳбубу дилбанди бисёр миллатҳоед. Ба манфиати адабиёти сермиллати советӣ ба Шумо саломатии бардавом, гулгулшукуфии минбаъдаи табъ ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу мекунам.

Марворид ДИЛБОЗӢ,

 Боку

***

ШОИРИ ШАҲИР, РАФИҚИ ШАФИҚ

Мирсаид Миршакар аз ҳамон одамонест, ки дар ҳарбу зарби панҷсолаҳои аввал ба воя расида, давраи муттаҳид кардани хоҷагии қишлоқ ва солҳои сахти ҶБВ-ро аз сар гузаронидаанд. Шодам, ки худ ба ҳамин насл мансубам.

Мо корнамоиҳои ин солҳоро хеле хуб дар ёд дорем. Бесабаб нест, ки мазмуни достони «Қишлоқи тиллоӣ» аз воқеаҳои ҳамин солҳо иборат аст.

Ҳанўз ҳамон солҳо Миршакари ҷавон бо чашмони ҳамабини комсомолӣ дигаршавии ҳаёт ва рўҳияи кишоварзони тоҷикро дида тавонист.

Ба андешаи ман, шоир бо нахустин асари калони худ нишон дод, ки дар сюжетбандӣ устод аст, инчунин исбот кард, ки фикрҳои тозабатозаи одамони пешқадами кишвари азизи худро моҳирона ба қалам дода метавонад.

«Қишлоқи тиллоӣ» ва бисёр шеъру достонҳои дигари Мирсаид кайҳо ба забони қирғизӣ тарҷума шудаанд ва ҳамчун таронаҳои дили шод дар доманаҳои Помир ва қуллаҳои Тёншон сазовори як хел ҳурмату эҳтиром шудаанд.

Мирсаид дар достони «Қишлоқи тиллоӣ» манзараи ҳузновари зиндагии ғамангези мардуми кўҳистонро дар гузашта бо образҳои саҳеҳ ва барҷаста тасвир кардааст. Алҳақ, шоир дуруст мегўяд:

Чӣ роҳат андар ин ҷо ҷуз харобӣ,

Кашӣ заҳмат, вале ҳосил наёбӣ.

Ҳоло, деҳқонони қирғиз ҳам дар гузашта аз аҳволи ҳамсоягони худ беҳ набуд. Вобаста ба ин шоир аз забони қаҳрамони достон овардааст:

Сафар кардем дар Балху дар Эрон,

Ба чўлу дашту кўҳсори Тёншон…

Ба ҳар ҷое, ки рафтему расидем,

Ба ҷуз хорию бадбахтӣ надидем.

Назми Миршакар назми ҷавонӣ аст. Назми ҷавонӣ бошад ҳаргиз пирӣ намепазирад , зеро назми ҳақиқӣ ҷавонии ҷовидонист.

Дўстам Миршакар худ дар зиндагӣ пайваста зиндадил, ҳозирҷавоб ва рафиқи шафиқ аст. Агар бо ибораи худи ў бигўем, ҳамвора дар ҳаёт «ширинкори меҳрубон ва кушодадил» аст. Аз ин ҷост, ки ҳамаи асарҳи ў дар партави ғояҳои некбинӣ ва инсонпарварии комил эҷод шудаанд.

Чанде муқаддам Миршакари азиз дар ҳайати адибони тоҷик ба кўҳистони Қирғизистон сафар карда, ҳамчун марди наҷиб ва рафиқи ҳалиму меҳрубон дар дили ҳамаи мо ҷаҳон- ҷаҳон таассуроти нек боқӣ гузошт. Ман он рўзҳоро ҳаргиз фаромўш карда наметавонам.

Миршакар дар баландтарин ағбаҳои Тёншон ҳам беҳад зиндадил буд, беш аз пеш хушҳолӣ мекард, бо шавқ месуруд, худро дар баландӣ нағз ҳис мекард, йигити ҳақиқӣ буд…

50-солагӣ ҳам як навъ баландист.

Баъди панҷоҳ кас боз ҳам баландтар мебарояд.

Ман, ҳамчун яке аз дўстони дерина ва қадршиноси ў, аминам, ки дар оянда Миршакар ба қуллаҳои боз ҳам баландтар қадам мениҳад ва асарҳои беҳтарини худро дар ҳамин солҳо — солҳои камолот ва парвозҳои нави эҷодӣ манзури хонандагон хоҳад кард.

Миршакари азиз, боз ҳамин қадари дигар умр бубин, бигузор назми диловези ту дар баландӣ ва устуворӣ ба Помири батамкину сарсафед дар мусобиқа бошад.

Қувоничбек МАЛИКОВ, Фрунзе

***

БА МИРШАКАРИ ТОҶИКОН

Ба шарафи ҷашни панҷоҳсолагиатон шуморо аз самими дил табрик менамоям!

Аз ним зиёди ним аср умри шарифи худро барои инкишоф ва нашъунамои адабиёти советии тоҷик сарф намудед. Дар ин муддат шумо барои халқи бунёдкор хеле асарҳои зебову олимазмун офаридед ва адабиёти бойи моро бойтар гардонидед.

Ашъор ва достонҳои Шумо асарҳои писандидаи миллионҳо хонандагон гардидаанд, ки онҳоро ҳамчун воситаи беҳтарини тарбияи маънавӣ ва сайқали руҳӣ бо меҳру муҳаббати гарму ҷўшон мехонанд ва шодмонона месароянд.

Инчунин шоири маҳбуби бачагони некбахти мо будани Шумо ба ҳеҷ кас пўшида нест. Шумо ҳолдону руҳсанҷ ва забоншиноси онҳоед. Бесабаб нест, ки ҷавонони адабиётдўсти мо Шуморо Маршаки худ мехонанд.

Шумо бо асарҳои бузург ва таъсирбахши эпикиатон низ созовори ифтихор ва эҳтироми халқ шудаед. Ҳоло достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ», «Панҷи ноором», «Ленин дар Помир», «Дашти лаванд», ва амсоли онҳоро дар ҳар гўшаву канори Ватани азизамон одамон мехонанду лаззат мегиранд. Шумо бо ин асарҳои худ дар бунёди сохтмони азими коммунизм хишти бузург ниҳодаед. Ин аст, ки халқ, Ватан, Партия ва Ҳукумат бо шумо фахр мекунанд. Шумо ифтихори ҳамаи мо мебошед.

Дўсти азиз, дар рўзи бошукўҳи ҷашни панҷоҳсолагиатон дастони Шуморо сахту гарм фишурда, солҳои дароз умр диданатонро мехоҳем ва барои нашъунамои адабиётамон боз ҳам асарҳои нав ба нав эҷод намуданатонро орзумандем. Шаккарингуфтор адиби номвар, Меҳрубону дўсти мо, Миршакар! Ҷашни панҷоҳи ҷавонии Шумо Медиҳад бо сози табрик ин садо: Орзу дорем то асри ҳазор Зинда бошеду саломат, бахтиёр!

Бо камоли эҳтиром

Суҳайлии Шумо

***

ДЎСТИ АЗИЗАМ МИРСАИД МИРШАКАР!

Ту ҳам ба панҷоҳ расидӣ, ним аср умри бошарафонаи худро тай намудӣ!

Дар ёдат ҳаст, соли сию чаҳорум буд магар, рўзе ба идораи журнали адабии ҳамонвақта- журнали «Барои адабиёти сосиалистӣ» омадӣ? Дарро тақ- тақ зада, оҳиста кушодию бо хиҷолат ва ибо салом додӣ ва рухсати даромадан хостӣ. Он дам ту як ҷавони борикандом, қадбаланд, навмўхат будӣ; мўи сарат тарошида шудагӣ, дар танат либосҳои нимдошти аскарӣ, дар поят ҳам мўзаи аскарӣ буд.

— Ман як шеър навиштам, — гуфтӣ, — агар мумкин бошад, хонда камбудиҳояшро мегуфтед.

Дар идора будагон туро хуш қабул карданд, шеъратро гирифта хонданду гуфтанд, ки ту қобилияти шеъргўи дорӣ; лекин дар он шеърат чандин камбудӣ ва нуқсонҳо буд, ки онро ҳам ба ту гуфтанд. Ту маслиҳати онҳоро хомўшона гўш кардию бо ваъдаи ислоҳ кардан шеъратро гирифта бурдӣ. Баъд аз рафтани ту коркунони идора хурсандӣ изҳор карданд, ки хайрият, аз байни ҷавонаскарони тоҷик ҳамин тавр қобилиятнокҳо ҳам расида истодаанд. Рўзи дигар ту боз омадӣ, ин даъфа шеърат хеле ислоҳ шуда буд. Лекин на тамом бар он тарз ки ба ту гуфта буданд, балки ба тарзи дигар, ба тарзи худат ва хеле хуб ҳам ислоҳ шуда буд. Шеъратро ба журнал бо суратат чоп карданд ва оҳиста-оҳиста дар майдони адабиёти тоҷик номи шоири ҷавон Мирсаид Миршакар машҳур шудан гирифт. Ҳама медиданд, ки ин шоири ҷавон мазмунҳои бикр, табиӣ ва халқиро кор мефармояд, ҳама медиданд, ки дар ин шоири ҷавон парвози фикр ҳаст. Туро хеле таъриф ҳам мекарданд, вале ту аз худ намерафтӣ, туро хеле танқид мекарданд, вале ту аз рўҳ намефаромадӣ.

Ман нағз дар хотир дорам, ки ту ҳанўз аз ҳамон давраҳо сар карда, ҳанўз аз ҷавоннависандагии худ сар карда ба маслиҳати дўстон бо ҷону дил гўш мекардӣ, гуфтаҳои мунаққидон ва хонандагонро бо диққат мешунавидӣ, вале баъд ба тарзи худат кор мекардӣ. Дар ҳамон айём ман дарк карда будам, ки фикри ту баландпарвоз аст, фантазияи ту хеле бой аст. Гоҳо ба ман чунон сюжетҳоро нақл мекардӣ, ки ман ҳайрон мемондам ва ба худат маслиҳат медодам, ки онҳоро навис. Ту ҳам ягон рўз қаламро аз даст намепартофтӣ, ҳамеша дар тараддуди кор, ҳамеша дар вазъияти кори эҷодӣ будӣ.

Инак, ҳоло қариб сӣ сол аст, ки мо ҳамдигарро медонем ва бо ҳам шаҳду шакар ва талхию тундии бисёреро чашидем. Ба рўзҳои панҷоҳсолагии худ ту чун шоири писандида ва машҳур, чун шоири барҷаста ва маҳбуби халқ, чун дўстдори хонандагони ҷавон ва чун яке аз арбобони кордони давлат омада расидӣ. Ту депутати Совети Олии Тоҷикистон, ту раиси Совети Олии РСС Тоҷикистон, ту номзад ба аъзогии КМ ПК Тоҷикистон ҳастӣ. Ту орденҳои бисёре дорӣ, туро ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ мешиносанд; Дар Ҳинду Афғон, дар Украинаю Маҷористон хонанда дорӣ. Лекин аз ҳамаи ин авсоф ки гуфта ва ту ҳақиқатан ҳам сазовори онҳо мебошӣ, як васфи туро ман гаштаю баргашта такрор мекунам: ту инсон, Одами пуриқтидори Советӣ ҳастӣ, дили соф ва беғубор дорӣ, Ватанатро — мулки Советиро, ҳамватанонатро дўст медорӣ ва ин бар ҳамаи авсофи ту васфи равшанибахш аст.

Дўсти азизам, ҳамеша ҳамин тавр бош, бар зидди душманони инсон мубориза бар, бо шеърат, бо эҷо- диёти равонат, бо шакарин гуфторат одамро тараннум кун, одами эҷодкор, одами сулҳҷў ва одами дилсофу беғубори советиро васф намо, ҳам бо шеъри намакинат, ҳам бо хулқу атворат намунаи хубӣ бош!

Ману ту касби мушкил, вале касби бошарафонаеро ба худ интихоб наму- дем. Дар мубориза барои сохтмони босаодаттарин ҳаёт мову ту дар сафи пеш бояд истем ва чун солдатҳои ҷонсупор ба фармони партияи ҷо- ноҷонамон амал намуда, дар майдон корнамоӣ кунем.

Дар рўзи ҷашни панҷоҳсологиат ба ту умри дароз, муваффақияти беҳисоб ва ғалабаҳои нав ба нави эҷодӣ мехоҳам.

Дўсти ҳамкорат ИКРОМӢ

Дигар хабарҳо