ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон 10-18 майи соли 1934 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар анҷуман таъсиси ИНТ эълон ва Абулқосим Лоҳутӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид.

 ИНТ аз рӯзи таъсисаш тамоми адибони маъруф ва навкори ҷумҳуриро сарҷамъ карда, онҳоро ба кори фаъоли эҷодӣ, ба тасвири меҳнати бунёдкоронаи халқ сарфарбар намуд. Солҳои сӣ адабиёти тоҷик бо асарҳои муҳимми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ғанӣ гардид, як зумраи адибони ҷавони боистеъдод мисли Мирзо Турсунзода, ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим ҷалил, ҳаким Карим, Ғанӣ Абдулло боасарҳояшон дар ҳаёти адабӣ мавқеъи намоён ишғол намуданд. ИНТ муҳокима ва нашри ин асарҳоро ташкил мекард, ҷашнҳо ва маҳфилҳои  эҷодии адибонро баргузор менамуд. Бо ҳидояти ИНТ дар солҳои сӣ тарҷумаи бадеӣ аз классикаи адабиёти ҷаҳон ба роҳ монда шуд, хонандаи тоҷик бо намунаҳои сарвати маънавии халқҳои дигар ошноӣ пайдо кард, адибон низ дар ҷараёни тарҷумаи осори бузургони адабиёт дарси маҳорат меомӯхтанд. Нависандагони тоҷик маҳз баъди таъсиси ИНТ ва бо ҳидояти ин созмон ба гирд овардан ва нашр кардани эҷодиёти шифоҳии мардум ва осори классикони адабиёти тоҷик шурӯъ карданд.

Дар он солҳо робитаҳои байналмилалии адабиёти тоҷик ба роҳ монда шуд ва самараҳои пурарзиш дод. Ба адабиёти тоҷик жанрҳо ва навъҳои тоза роҳ ёфтанд, драматургияи тоҷикӣ ба сифати як навъи адабӣ бо хусусиятҳои миллии худ ташаккул ёфт.

Unterkategorien